Ҷасади ронанда баъд аз 19 рӯз пайдо шуд, ҷустуҷӯи ҷасади ду мусофири дигар идома дорад

© SputnikРека Варзоб, архивное фото
Река Варзоб, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷасади ронандаи “Мерседес Бенс”-ро, ки санаи 18 августи соли равон бо чор мусофираш ба дарёи Варзоб сарозер шуда буд, пайдо кард

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, шоми дирӯз, 6-уми сентябр, соати тақриба  19:00 дақиқа наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҷасади ронандаи 57-солаи мошини “Мерседес Бенс”-ро дар километри 50-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд пайдо ва ба хешовандонаш супурданд.

Река Варзоб в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
"Мерседес Бенс" ёфт шуду ронандааш не: ҷустуҷӯи ҷасад дар рӯди Варзоб идома дорад

Мошини мазкур санаи 18-уми августи соли равон бо чор мусофираш ба дарёи Варзоб сарозер шуда буд. Аз он рӯз то кунун ҷустуҷӯи ҷасадҳо идома дошт.

Манбаъ таъкид доштааст, ки ронанда сокини шаҳри Душанбе Авайдулло Ҳасанов буда, 57 сол доштааст.

“Сабаби сарнагун шудани мошин маълум нест. Аммо ин як ҳодисаи хеле пурдаҳшати моҳи гузашта буд, ки сурат гирифт”, - қайд кардааст манбаъ.

Қаблан манбаъ хабар дода буд, ки дар километри 54-уми шоҳроҳ аз дохили дарё ҷасади 2 нафар аз мусофирон марди шахсияташон номаълум пайдо шуд ва онҳоро ба мақомоти дахлдор супурданд.

Дар ҳамин ҳол гуфта шудааст, ки дар айни замон ҷустуҷӯи ҷасади ду мусофири дигари мошин, сокини 49-солаи Панҷекат ва ҷавони 28-сола, сокини деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0