ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Даври ниҳоии VIII-умин Қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia аз 6 то 21 сентябри соли 2020 нахустин бор пурра ба таври дистансионӣ баргузор мешавад.
Ҳамагирии коронавирус ба зиндагии муқаррарӣ дар саросари ҷаҳон дигаргуниҳо ворид кард. Дар баробари ин марзҳои дигар боз шуданд: майдонҳои рақамӣ ин замон дар авҷи кор аст. Ҷаласаҳо, варзиш, вохӯрӣ бо дӯстон, тиҷорат, мактаб, донишгоҳҳо ва осорхонаҳо ҳама ба фаъолияти онлайнӣ гузаштанд.
WorldSkills Russia низ аз навгониҳои технологӣ ақиб намонд. Барои он, ки рӯзи баргузории даври ниҳоии қаҳрамонии миллӣ ба таърих наафтад, дар низоми WorldSkills тарзи дистансионӣ коркард карда шуд. Дар ин низом барномаҳои тозатарини технологӣ ворид шудааст, ки баъдан дигар кишварҳо дар тарбияи кадрҳо ва баргузории қаҳрамониҳо ба кор хоҳанд бурд.
Дар чорчӯби даври ниҳоии қаҳрамонии миллӣ, сабқатҳо аз рӯи 130 намуд (барои наврасон то 71 намуд) баргузор мешавад. Дар мусобиқа беш аз 2800 кас, миёни онҳо наврасон ва шаҳрвандони хориҷӣ низ хоҳанд буд. Барои муқоиса: соли 2018 – 700 кас ва соли 2019 – 1500 нафар ширкат карда буд. Ҷомеаи коршиносонро 700 кас намояндагӣ мекунанд. Формати ҷадид, ки аз ҷониби WorldSkills Russia коркард шудааст, имкон дод, то шумораи бештари иштироккунандагон аз тамоми гӯшаю канори кишвар ба сабқат роҳ ёбанд. Ҳамин тавр, даври ниҳоии VIII –умин Қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia, дар 8 соли баргузории ин сабқат дар Русия, бузургтарин хоҳад буд. Хоҳишмандон аз тамоми гӯшаю канори дунё метавонанд, тариқи пахши мустақим сабқатро тамошо кунанд.
Сабқат дар доираи 7 касб баргузор мешавад: сохтмон ва технологияи сохтмонӣ; технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ; эҷодкорӣ ва тарроҳӣ; технологияи истеҳсолӣ ва муҳандисӣ; бахши хизматрасонӣ; нақлиёт ва логистика; Future Skills (Малакаҳои оянда).
Даври ниҳоӣ дар коллеҷҳо ва ҳамчунин марказҳои байналмилалии баланд бардоштани салоҳият баргузор мешаванд. Саркоршиносон дар замони воқеъӣ тарзи баргузории сабқатро мушоҳида ва мувофиқи қоида гузаронидани онро идора мекунанд.
Баромади ширкаткунандагон тариқи барномаи вижаи технологӣ баҳогузорӣ мешавад. Низоми баҳогузориро ба чанд бахш тақсим мекунанд. Кори ширкаткунандагон аз ҷониби коршиносон дар минтақаи баргузории сабқат ё тариқи онлайн арзёбӣ мешавад. Он озмунҳое, ки баҳогузориашон тариқи онлайн ғайри имкон аст, ба воситаи эскпресс-почта ба Маркази идораи сабқатҳо дар Новокузнетск ё марказҳо дар Маскав ва Қазон равон карда мешаванд.
Дар баробари ин, барои меҳмонони барномаи «Билет в будущее» (Чипта барои оянда), барномаи вижаи дистансионӣ Try-a-- skill – «Попробуй себя в профессии» (Касби худро бисанҷ) роҳандозӣ мешавад. Ҳар хоҳишманд метавонад, дар сайёҳати маҷозӣ ва бо истифода аз фаъолиятҳои муосири онлайн қувваи худро бо ёрии бозиҳо ва вазифаҳои интерактивӣ аз ҷониби мураббиён, санҷад.
Ин табадуллот, ки баёнгари дигаргуниҳо дар низоми кори ҷаҳонӣ ва рушди иқтисоди рақамӣ, натиҷаи фаъолияти якҷоя мебошад. WorldSkills Russia аз кай боз дар пажӯҳиш ва коркарди методҳои нави баргузории қаҳрамонии миллӣ ба таври дистансионӣ буда, аллакай аз ҷониби Вазорати маорифи ФР, мақомоти Кузбасс, Ожонси ташаббусҳои стратегӣ ва шарикон аз 50 ширкатҳои бонуффузи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтааст.
Кузбасс – яке аз майдонҳои бузургтарини истеҳсоли ангишт – маркази баргузории даври ниҳоии VIII-умин Қаҳрамонии миллӣ хоҳад шуд. Ин ҷо корхонаҳои бузурги саноатӣ ва металлургӣ мавҷуданд. Имрӯзҳо Кузбасс босуръат рушд мекунад ва дар заводҳо охирин технологияи замонавии сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ мешавад. Ба ин минтақа мутахассисони сатҳи баланд лозиманд. Барои ҳамин баргузории даври ниҳоии Қаҳрамонии миллӣ – имконияти хубе барои муаррифӣ ба ҷавонон маҷмӯи пурраи ихтисосҳои корӣ хоҳад буд.
Ширкаткунандагони хориҷӣ чун анъана имкон доранд ба қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia ҳамроҳ шаванд, омӯзанд ва дар бархе аз озмунҳо ширкат кунанд. Дар доираи қаҳрамонӣ барои ширкаткунандагон аз кишварҳои Уросиё “имтиҳони уросиёӣ” баргузор мешавад.
"WorldSkills Russia дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ бо кишварҳои шарик дар сохтани низоми омӯзиши босалоҳият, ташкили қаҳрамониҳои малакаҳои касбӣ, инчунин эҷод ва таҳияи қарорҳои рақамӣ барои омӯзиш дорои таҷрибаи бой мебошад, - гуфт Роберт Уразов, директори кулли WorldSkills Russia. – Дар ҳоли ҳозир мо чунин низоми омода намудани мутахассисонро дар кишварҳои УрОсиё аз ҷумла ИДМ роҳандозӣ мекунем. Дар доираи ин корҳо мо тамринҳои муштараки пайваст ба марказҳои дистансионии русиягӣ ва захираҳои WorldSkills Russia ва муассисаҳои таълимӣ пайваст мебошанд. Ин равиш ба мо имкон медиҳад, ки технологияҳои таҳияшударо такмил диҳем, ба афзоиши муштарак ва минбаъд таъмин намудани бозори меҳнати маъмул бо кишварҳои ИДМ бо мутахассисони баландихтисос мусоидат намоем".
Тоҷикистон низоми таҳсилоти касбиро рушд медиҳад ва дар оянда нақша дорад ба WorldSkills пайваст шавад. Феълан WorldSkills Russia бо ҳамкорони тоҷикаш таҷрибаи беҳтарини ҷорӣ намудани стандартҳои WorldSkills дар низоми таълими кадрҳоро, ки таҳияи он барои кишвар дар заминаи афзоиши муҳоҷирати меҳнатӣ аз вазифаҳои муҳим мебошад, роҳандозӣ мекунад. Дар нақша ҳаст, ки дар якҷоягӣ бо намояндагони WorldSkills Russia тарҳи баргузории чорабиниҳо: ҷаласаи комиссияҳои байниҳукуматӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ-техникӣ ба роҳ монда шавад.
Формати нави баргузории сабқатҳо ва омӯзиш, ки аз ҷониби WorldSkills Russia коркард шудааст, ба баъзе аз дигаргуниҳои глобалӣ нигоҳ накарда, имкон медиҳад, бо Тоҷикистон ҳамкориҳои муассир идома дода шавад. Дар доираи даври ниҳоии VIII-умин Қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia технологияҳои навтаъсисёфтаи рақамиро на танҳо дар сайтҳои худ, балки дар сайтҳои кишварҳои шарик низ месанҷад ва ба ин васила онҳоро такмил медиҳад ва ба ин ё он системаи миллии омӯзишӣ мутобиқ менамояд.
Чун анъана кишварҳо ба иштирок дар қаҳрамониҳои миллии Русия оид ба малакаҳои касбӣ таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунанд, барномаҳои тозаеро, ки дар пажӯҳишгоҳҳои WorldSkills Russia омода мешаванд, дар низоми миллии омода намудани мутахассисон, роҳандозӣ кунанд. Ҳамин тавр, WorldSkills Russia таҷрибаҳои худро ҷаҳонӣ мекунад.
Имсол барномаи вижаи онлайн, ки аз ҷониби намояндагони WorldSkills Russia барои шарикони хориҷӣ муаррифӣ мешавад, ба баргузории сабқатҳои онлайн бахшида мешавад. Ширкаткунандагон аз 40 кишвари дунё чун нозирон ва коршиносони мустақил аб барнома пайваст карда мешаванд. Дар доираи ин барнома: сессияҳо бахшида ба формати нави баргузории қаҳрамонии миллии WorldSkills Russia, бо истифода аз технологияи навтарин, тренинг оид ба баҳогузории мустақил бо стандартҳои WorldSkills дар шакли дистансионӣ; business talk дар бораи ҳамкориҳои ва муносибат бо шарикони саноатӣ ва ширкатҳо барои ташкил ва гузаронидани тренингҳо ва озмунҳои онлайн; сессия оид ба роҳандозии сабқатҳои дистансонӣ аз рӯи 7 гузаронида мешавад.
Шарту шароити замон низоми таълими касбиро зери шубҳа қарор дод. Ин шароитҳо марҳилаи нави беназири рушди онро муайян кард. Натанҳо баргузории қаҳрамониҳо ба таври дистансионӣ мегузарад, балки фаъолияти корӣ ва омӯзиш низ ва дар замина мудели нави фаъолият ва ҷои корро дар бозори меҳнат ба вуҷуд ме03,орад.
Кори мураттаб дар самти рушди WorldSkills дар Тоҷикистон низоми миллии омода намудани мутахассисонро ба сатҳи нав мебарорад ва ба баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахассисони ҷавон, ки барои таҳкими иқтисодиёти кишвар муҳиманд, мусоидат мекунад. Ғайр аз ин, воситаҳои WorldSkills ба кишвар имкон медиҳанд, ки дар рушди захираҳои инсонӣ дар кишварҳои ИДМ ва фазои Иқтисодии УрОсиё дар ҳоли рушд қарор гиранд ва ба навгониҳо ҳамқадам шаванд.
Мусобиқот бо дастгирии ширкатҳои KNAUF, IEK, 1С, Элфорт баргузор мешавад.
Маълумоти бештарро аз торномаи https://wsr.online дарёфт кунед.
Шарики лоиҳа