ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Валерий Фалков, вазири улум ва омузиши олии Русия таъкид доштааст, ки аз ҳама бештар донишҷӯёни узбакистонӣ, тоҷикистонӣ, қазоқистонӣ ва қирғизистонӣ талош мекунанд, ки ҳар чи зудтар ба Русия бозгарданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новостӣ.
Вай қайд кард, ки далели то ба ҳол ворид нашудани ин афрод ба Русия, вобаста баста будани марзҳо мебошад.
Вазири улум ва омузиши олии Русия ҳамчунин таъкид кард, ки ба далели густариши вируси корона бархе аз доншгоҳҳои Русия омодаи пазириши донишҷӯёни хориҷӣ нестанд зеро бар асоси тасмими ҳукумати Русия донишҷӯёни хориҷӣ ба маҳзи вуруд ба ин кишвар бояд 14 рӯз қарантина шаванд, ки дар хобгоҳҳо чунин имкон вуҷуд надорад.
Бояд қайд кард, ки Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз сафорати Русия дар Душанбе дархост кардааст, ки заминаи сафари 4 ҳазор донишҷӯи тоҷик барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русияро фароҳам созад. Ин донишҷӯён ба далели густариши вируси корона ва набуди парвоз миёни Тоҷикистону Русия, мунтазири судури муҷавизи сафар ба Русия мебошанд.