Содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон барқарор шуд

© Sputnik / Georgiy ZimarevСтроительство энергомоста через Керченский пролив
Строительство энергомоста через Керченский пролив - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон содироти барқ ба Афғонистонро барқарор кард. Дар ҳоли ҳозир, ба кишвари ҳамсоя 1,3 миллион кВт соат барқ содирот мешавад

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Тоҷикистон, ки қаблан ба далели камбуди об дар дарёҳо ва коҳиш ёфтани сатҳи об дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ содироти барқро ба кишвари ҳамсоя Афғонистон қатъ карда буд, дубора барқарор кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста”.

Нурекская ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи "Барқи тоҷик" дар бораи коҳиши содироти қувваи барқ ба Афғонистон ва Ӯзбекистон

Бино бар иттилои сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” Нозирҷон Ёдгорӣ, сатҳи об дар обанборӣ Норак боло рафтааст ва ба ҳамин хотир тасмим гирифта шуд, содироти барқ ба Афғонистон дубора оғоз карда шавад.

“Ҳамарӯза ба Афғонистон тақрибан 1,3 миллион кВт соат барқ содирот мешавад”, - таъкид доштааст Ёдгорӣ.

Дар ҳамин ҳол, то қатъи содироти барқ ба кишвари ҳамсоя Тоҷикистон ҳамарӯза ба Афғонистон то 8 миллион кВт соат барқ содирот мекард.

Манбаъ таъкид доштааст, ки бино бар шароити муносиб содирот метавонад боз ҳам афзоиш ёбад.

Тибқи иттилои ширкати “Барқи тоҷик” дар шаш моҳи соли равон ба Афғонистон 546,6 миллион кВт соат барқ ва ба Ӯзбекистон 358,3т миллион кВт соат барқ содирот шудааст.  

Ёдрас мешавем, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон эълон карда буд, ки содироти неруи барқро ба Афғонистон ва Ӯзбекистон бинобар сабаби камбуди об дар дарёи Вахш кам хоҳад кард

Дар рӯзи охир сатҳи об дар дарёи Вахш баланд шуд, ки ба зиёд шудани содироти қувваи барқ ​​мусоидат хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0