Шартномаҳо: Раҳмон ҳадафи Рустами Эмомалиро аз сафарҳо гуфт

© пресс-служба президента РТЭмомали Рахмон и Рустам Эмомали
Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадафи Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аз сафар ба шаҳру навоҳии мамлакат шиносоӣ ва таъмини фаровонии маҳсулот дар бозорҳои пойтахт арзёбӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Мақомоти шаҳри Душанбе бо хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода шартномаҳо барои таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти тару тоза мебанданд, хабар дод имрӯз котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ ҳангоми фотиҳахонӣ дар хонаи Ҳоҷӣ Камол - Sputnik Тоҷикистон
Писари Ҳоҷӣ Камол барои мубориза бо COVID-19 беш аз 2,3 миллион дод

“Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода, имрӯз дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни боздид аз хоҷагиҳо, байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дар пеш истода, мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат, зироатҳо ва дигар маводи ниёзи аввал, шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста мешавад”, - иттилоъ дод котиботи  раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Бастани созишномаҳо дар ҳолест, ки аввали соли равон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони Турсунзода ҳадафи сафарҳои Рустами Эмомалиро шиносоӣ ва таъмини бозорҳо гуфта буд.

Намоиши китоб дар Душанбе. 25.01.2020 - Sputnik Тоҷикистон
“Ҷанг барои “Маснавӣ”: дар Душанбе тайи 5 соат 10 ҳазор китоб фурӯхта шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуда буд, ки шаҳрдори Душанбе низ ӯро дар сафарҳо ба навоҳӣ, аз ҷумла шаҳри Турсунзода ҳамроҳӣ мекунад, чун мехоҳад бинаду мардуми пойтахтро бо маҳсулот таъмин кунад.  

"Мана раиси шаҳри Душанбе ҳамроҳи ман омаданд. Дидан мехоҳанд, барои таъмин кардани аҳолии пойтахт, мардуми худамонро бо сабзавоти тару тоза ва аз лиҳози экологӣ тоза", - изҳор дошта буд Эмомалӣ Раҳмон.

Котибот зикр кард, ки боғдорони шаҳри Турсунзода Неъматҷон Усмонов ва шодравон Камол Мадумаров мактаби махсуси худро доранд бо фаъолияти намунавии худ дар роҳи парвариши ангур Тоҷикистонро дар кишварҳои хориҷ муаррифӣ кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон то ҳол борҳо меҳмонҳои воломақоми хориҷиро ба ин хоҷагиҳо барои шиносоӣ бурдааст.

Лентаи хабарҳо
0