Баъди “гушмол”- и мақомот нархи газ дар Тоҷикистон поён рафтааст

© SputnikЦены на топливо в АЗС-ах в Согдийской области
Цены на топливо в АЗС-ах в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъд аз нашри хабарҳо дар бораи бе асос боло бурдани нархи гази моеъ ва 1, 1 милион ҷаримаи шудани ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳосории (антимонополия) Тоҷикистон, ҳоло арзиши гази моеъ наздик ба 4 сомонӣ ва ё наздики 18 % поён рафтааст

ДУШАНБЕ, 7 сен – Sputnik. Бино бар нархнома ва ё прайсе, ки аксар ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳру навоҳии кишвар мураттаб кардаанд, дида мешавад, нархи гази моеъ яке аз асоситарин маводи сӯзишвории нақлиётӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса ба ду ҳафтаи пеш то ба 4 сомонӣ ё қариб ба 18 % поён шудааст.

Як корманди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, “бо супориши роҳбари ширкат ду рӯз боз гази моеъро 4 сомонӣ мефурӯшанд”.

Последнее звено трансазиатского газопровода “Центральная Азия - Китай” запущено в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон
Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон хабари қатъи интиқоли газ ба Тоҷикистонро рад кард

Болоравии қимати газеъ моеъ дар Тоҷикистон аз замони баъд аз хатми қарантина аз пандемияи COVID-19 шурӯъ шуд. То ин вақт ин маводи сӯхт дар саросари кишвар бо арзиши 2, 5 сомонӣ фурӯхта мешуд, вале сар аз моҳи июн то нимаҳои моҳи август нарх то ба 4, 7 сомонӣ ва ё беш аз 55 % афзуд ва ин ҳолат нигаронии сокинонро ба вуҷуд овард.

Абдумаҷиди Муъминзод, сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон, ахиран дар мусоҳиба ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи санҷиш ва ҷаримаи ширкатҳои таъминкунандаи фурӯши сӯзишворӣ иброз намуд.

Сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзуд, дар пайи санҷиш дар 9 ширкати фурӯши сӯзишворӣ маълум шуд, ки онҳо арзиши маводи сӯзишвориро бе асос боло бурдаанд.

Муъминзод ба хотири латма ворид нашудан ба обрӯи ширкатҳо аз онҳо ном набурд, вале гуфт, ҳар як аз ин ширкатҳо аз 50 то 200 ҳазор сомонӣ ҷамъ ба маблағи 1 милиону 100 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин шуда ва санҷиш дар 6 ширкати дигар идома дорад.

“Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 (№287) гази моеъ, дар умум маҳсулоти нафтӣ, ба “Номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ” дохил мешаванд, ки нархҳояшон аз сӯи давлат танзим карда мешаванд. Тибқи қонунгузорӣ, назорати нархи онҳо, ки маҳсулоти истеъмолии халқанд, бар зиммаи Агентии зиддиинҳисорӣ аст. Ин на фишор, балки вазифаи қонунии мақомоти мост”, - гуфт Абдумаҷиди Муъминзод.

Дар Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷа ворид карда мешавад. Дар соли гузаштаи 2019 бино ба маълумотҳои омории мақомоти гумрук беш аз 430 ҳазор тон гази моеъ, қариб 180 ҳазор тон бензин ва ҳудуди 250 ҳазор тон маводи дизелӣ ба кишвар ворид шудааст. "Фароз”, "Газпром", "Газойл", "Роҳи Сомон нафт" ва “Суғднефт” аз бузургтарин ширкатҳои таъминкунандаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Баъзе аз моликони ширкатҳои яклухтфурӯши маводи сӯхт мегуянд, ҳоло роҳи воридоти маводи сӯхт аз қаламрави кишварҳои Қазоқистон ва Федератсияи Русия осонтар шудааст ва қарор аст, рӯзҳои наздик боз ҳам нархи газ дар кишвар поён шавад.

Лентаи хабарҳо
0