Ҷашнҳои рӯзи 6 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 6 сентября
День 6 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 6 сентябр Рӯзи байналмиллалии ҷавонон дар собиқ ИҶШС, дар Покистон – Рӯзи дифоъ, дар Чили – Рӯзи ваҳдати миллӣ ва дар Булғористон Рӯзи ҳамгироӣ мебошад

Рӯзи 6 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1873 Федератсияи футболи Шотландия таъсис дода шуд, ки яке аз қадимтаринҳо дар ҷаҳон мебошад.

День 4 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 4 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1899  ИМА барои муносибат бо Чин сиёсати «дарҳои кушод» эълон карданд.

Соли 1936 унвони фахрии «Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ» таъсис дода  шуд.

Соли 2000 дар Ню-Йорк вохӯрии ҷашнии сарони давлатҳои узви СММ «Саммити ҳазорсола» баргузор гардид.

Рӯзи 6 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1999 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ гузошта шуд, ки 13 метр баландӣ дорад.

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе площадь "Дусти" памятник Исмаилу Самани
Ҷашнҳои рӯзи 6 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Душанбе площадь "Дусти" памятник Исмаилу Самани

Соли 2006 аввалин шумораи маҷаллаи давлатӣ – сиёсӣ ва ҷамъиятӣ- фарҳангии «Бонувони Тоҷикистон» аз чоп баромад.

Соли 2009 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бемористони хусусии  Абуалӣ Ибни Сино, воқеъ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

© © Sputnik / Амир ИсаевМеждународная клиника Ибни Сино
Ҷашнҳои рӯзи 6 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Международная клиника Ибни Сино

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе бинои баландошёна – маркази тиҷоратии «Душанбе-Плаза» ба истифода дода шуд.

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Душанбе-плаза
Ҷашнҳои рӯзи 6 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Здание Душанбе-плаза

Соли 2012 ҷавондухтари варзишгар, муштзани бомаҳорати тоҷик Мавзуна Чориева, ки дар бозиҳои ХХХ олимпии Лондон ба гирифтани ҷойи сеюм ва медали биринҷии олимпӣ мушарраф гардида, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар он ҷо парафшон намуд, бо ордени  «Шараф» ва 200 ҳазор сомонӣ ҷоизаи президентӣ сарфароз гардонида шуд.

© AP / Ivan SekretarevМавзуна Чориева. Архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 6 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон - Sputnik Тоҷикистон
Мавзуна Чориева. Архивное фото

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Sheraton Dushanbe Hotel» ба истифода дода шуд.

День 4 сентября - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 4 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе дуюмин пойгоҳи инноватсионии ронандагии «Автодром» ифтитоҳ ёфт.

Соли 2015 Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Чайна-2013» ба истифода дода шуд.

Соли 2017 бо ташаббуси Сафорат ва мусоидати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар саҳни ҳавлии Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Берлин айвони миллӣ насб карда шуд. Айвони мазкур бо санъати баланди чӯбкорӣ кандакорӣ шуда, ба ҳайси як гӯшаи зинда санъати миллӣ, таърихи куҳан ва ҳунари волои мардуми тоҷикро дар ин кишвари Аврупо муаррифӣ хоҳад кард.

Ҷашнҳои рӯзи 6 сентябр

  • Дар Покистон – Рӯзи мудофиа.
  • Дар Чили – Рӯзи ваҳдати миллӣ.
  • Рӯзи байналмиллалии ҷавонон дар собиқ СССР.
  • Рӯзи ҳамгироӣ дар Булғористон.

Рӯзи 6 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омад

Лев Гуртовой (1896 – 1957) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Абдувоҳид Зевар (1966) – шоир.

Бўстон Ишонқулова (1948) – доктори илми тиб, профессор.

Николай Паришкура (1904 – 1985) – селексионер, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Абдуқодир Сангинов (1914- 1965)- арбоби ҳизбӣ.

Набиҷон Ҳамидов (1934) – доктори илми тиб, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон.

Махфират Хидирова (1973)- доктори илми фалсафа.

Шаҳноза (Назарова) (1974) – шоира.

Рӯзи 6 сентябр дар Тоҷикистон кӣ даргузашт

Соли 2010 - Амонулло Неъматзода, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар синни 75 солагӣ дар Душанбе даргузашт.

Лентаи хабарҳо
0