ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Зани 39-сола, сокини Душанбе шикоят кардааст, ки як нафар ҷавонписари ношинос ба телефони мобилии ӯ занг зада, бо суханони қабеҳ ӯро мавриди таҳқиру дашном қарор медодааст. Муроҷиаткунанда аз милиса хостааст, ки шахсияти ин ҷавон муайян ва нисбаташ чораҳои қонунӣ андешида шаванд.
“Кормандони милиса дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян намуданд, ки ин нафар шаҳрванд Раҳматуллоев Раҳматулло, истиқоматкунандаи 49-солаи шаҳри Душанбе кӯчаи Навбаҳор мебошад”, - омадааст дар иттилоияи мақомоти умури дохилӣ.
Номбурда дар идораи милиса ба кирдори содирнамудаи худ иқрор шуда, иброз дошт, ки дар ҳақиқат ба рақамҳои мобилии ҷавонзани муроҷиаткунанда занг зада, ӯро дашному ҳақорат намудааст.
Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати ҳуқуқвайронкунанда Раҳматуллоев Раҳматулло парвандаи маъмурӣ тартиб дода шудааст. Додгоҳ қазияро баррасӣ карда, нисбати Раҳматуллоев ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15-шабонарӯз таъйин карда шуд.