ДУШАНБЕ, 5 сен — Sputnik. Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.
“Ҳар кишваре барои худ ҳисобдориро муайян мекунад. Ҷое ниёз ба таъйиди озмоишгоҳӣ ҳаст, дар ҷое мувофиқат мекунанд, ки бар асоси нишондодҳои клиникӣ ташхис диҳанд. Дар Русия мутафовит шумурда мешавад, дар Олмон аз роҳи севум ё дар Амрико аз роҳи чорум мераванд. Аммо шумо ба таври ҷудогона ташхиси таъйидшудаи илтиҳоби шуш ва дигар далоили номафҳуму ношинохтаро дар назар мегиред. Чунин як низоми ҳисобдорӣ вуҷуд дорад, ки дар саросари ҷаҳон шинохта шудааст. Дар ин ҷо наметавонед дар мавриди сиҳат ва нодурустӣ сӯҳбат кунед. Шумо ин корро карда будед ва мекунед. Ковид ҳеҷ иртиботе бо он надорад. Он низом қаблан ҳам кор мекард”, - гуфт Александр Семёнов.
Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.
Семёнов гуфт, бо русуми тоҷикӣ фавтида бояд тайи 24 соат дафн шавад: ташхисҳои зарурӣ анҷом дода намешаванд
Раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия мегӯяд, дар Тоҷикистон таъйиди он, ки фавт аз илтиҳоби шуш ё дигар маризӣ рух додааст, дуруст аст, зеро ба далоили мухталиф, аз ҷумла суннату одобу русуми мазҳабӣ ташхиси зарурӣ анҷом дода намешавад.
“Ба унвони мисол, дар кишвари мо (Русия) дафни фард пас аз муддате, ки дар он як озмоиши комили осебшиносӣ - колбудшикофии анатомӣ ва баррасии мавод анҷом шавад, муҷоз аст. Аммо агар расму русуми шумо ин аст, ки муваззаф ҳастед мутаваффои худро дар зарфи 24 соат дафн кунед, бояд чунин ташхиси илтиҳоби шушро қабул кунед. Мо наметавонем колбадро боз кунем, маводро бигирему баррасӣ намоем ва сипас онро дафн кунем. Шумо худ исрор доред, ки фард зарфи 24 соат бояд дафн шавад”, - гуфт Александр Семёнов.
Тоҷикистон аввалин мавориди гирифторӣ ба “вируси корона” – ро 30 апрел эълон карда буд. Аз он рӯз то ба ҳол, тибқи иттилои вазорати тандурустии ин кишвар, 8724 нафар ба ин маризӣ гирифтор шуда, 7515 (86,1%) нафар шифо ёфтаанд ва 69 нафар ҳам ҷонҳои худро аз даст додаанд.