Номзад ба президентӣ Рустам Раҳматзода: тарҷумаи ҳол ва ваъдаҳо ба интихобкунандагон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Партии экономических реформ Рустам Рахматзода (Кудратов)
Председатель Партии экономических реформ Рустам Рахматзода (Кудратов) - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода чаҳорумин номзад ба мақоми президентӣ шуд

Дар аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон интихоботи президентии Тоҷикистон баргузор мешавад. Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) раисаш Рустам Раҳматзода (Қудратов) -ро ба ҳайси номзад ба интихоботи ояндаи президентӣ пешбарӣ кард.

Раҳмадзода 24 сентябри соли 1960 дар ноҳияи Кумсангири вилояти Хатлон таваллуд шудааст.

Ӯ соли 1984 Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва ташкилотчии истеҳсолоти кишоварзӣ хатм карда, ҳоло узви ҳайати омӯзгорони донишгоҳ мебошад.

Раҳмадзода дорандаи унвони доктори илми иқтисод, профессор буда, забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд мебошад.

Зиндагиномаи Рустам Раҳматзода

Пас аз 10 соли хатми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, декани факултаи хоҷагидорӣ шуд.

Кандидат на пост президента Таджикистана от ПЭРТ Рустам Рахматзода - Sputnik Тоҷикистон
Доктор, иқтисодчӣ ва забондон: даъвогари навбатӣ ба мақоми президенти Тоҷикистон кист?

Соли 2002, ӯ ба Маркази миллии таълимии кишоварзӣ оид ба дастгирии хусусигардонӣ дар Тоҷикистон ба кор рафт.

Соли 2005 Раҳматзода дар Академияи кишоварзии ба номи Тимирязеви шаҳри Москва рисолаи докторияшро ҳимоя кард.

Аз соли 2007 то 2015 ӯ Маркази рушди кадрҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон соли 2005 таъсис ёфта, пешвои пешини он Олимҷон Бобоев қаблан ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуда буд. Моҳи декабри соли 2019, Бобоев истеъфо ва ба сиёсатмадори ҷавон роҳ дод.

24 августи соли 2020 Рустам Раҳматзода дар анҷумани пешазинтихоботии ҲИИТ дар Душанбе ҳамчун номзад аз ҳизб пешбарӣ карда шуд.

Ваъдаҳои Рустам Раҳматзода пеш аз интихобот

Сиёсатмадор дар барномаи интихоботии худ диққати асосиро ба тағйирот дар иқтисоди миллии Тоҷикистон медиҳад.

Шиор: "Ислоҳоти сареъи иқтисоди миллӣ ба хотири зиндагии шоистаи мардум!"

Ваъдаҳои пешазинтихоботӣ:

Гузариш ба модели рушди саноатӣ-аграрӣ;

Ислоҳоти институтсионалӣ дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ;

Председатель Партии экономических реформ Рустам Рахматзода (Кудратов) - Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари ҲИИТ Рустам Раҳматзода ҳамчун номзад ба курсии президентӣ пешбарӣ шуд

Ислоҳоти бахши аграрӣ: суръат бахшидан ба муносибатҳои бозорӣ, рафъи оқибатҳои манфии тағирёбии иқлим барои кишоварзӣ, суръат бахшидан ба рушди бахши хусусӣ, ташаккули сиёсати нави пулӣ дар соҳаи кишоварзӣ, диверсификатсияи илми кишоварзӣ, тақвияти дастгирии давлатӣ ба саноат, ташаккули самти содирот;

Таъсиси муҳити мусоиди институтсионалӣ: дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ - рушди соҳибкории хурд ва миёна, ислоҳоти низоми бонкӣ, ислоҳоти амудии идоракунии давлатӣ, ислоҳоти низоми андоз ва маъмурият, рушди босуръати ҳамаи қаламравҳои ҷумҳурӣ ва ҳамвор кардани шароити иқтисодии онҳо;

Дастгирии соҳибкорони хурд ва андозбандӣ: озод кардани андоз барои тиҷорати хурд дар соли аввали фаъолият, додани қарзи имтиёзнок дар соли дуюм, озод кардан аз андози даромад барои корхонаҳое, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудаанд;

Ислоҳот дар соҳаи идоракунии давлатӣ: таҳкими низоми идоракунии давлатӣ, нав кардани ҳайати маъмурияти олии давлатӣ, тағир додани сиёсати кадрӣ, де-тиҷоратикунонӣ ва аутсорсинги система;

Диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатии беруна: ташкили системаи омодагии пешакии муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо, бо назардошти дастгирии ҳуқуқӣ ва иқтисодии онҳо, таълими кӯтоҳмуддати касбӣ бо забонҳои хориҷӣ дар заминаи марказҳои захиравӣ, таҳияи барномаҳои қонунии муҳоҷирати меҳнатӣ бо назардошти ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷирон, ташкили филиалҳои фонди ҷумҳуриявии иҷтимоӣ дар кишварҳои гуногун.

Лентаи хабарҳо
0