Ҳукми марде, ки духтарашро таҷовуз кард: "бо болишт беҳуш кард ва баъд ба номусаш расид"

© Sputnik / Табылды КадырбековНасилие в семье, архивное фото
Насилие в семье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додситонии кулли Тоҷикистон ҳодисаи нанговари аз ҷониби падар таҷовуз шудани духтари 16-соларо дар ноҳияи Данғара шарҳ додааст. Бино бар иттилои манбаъ, мард духтарашро аз кати берун ба хона дароварда, бо болишт беҳуш намуда ба номусаш дастдарозӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Тавре манбаъ менависад, ҳодиса 3 сол пеш рух дода, соли 2020 ҳукми зиндони мард содир шудаст. 

 Додситонӣ менависад, сокини ноҳияи Данғара Абдуллоев Азизулло Назуруллоевич моҳи июни соли 2017 тахминан соатҳои 22 дар манзили истиқоматиаш бо мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвониаш дидаю дониста, ки духтараш Н., санаи таваллудаш 1 августи соли 2001  ноболиғ мебошад даст ба таҷовуз задааст.

Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Таҷовуз ва қатли духтарчаи 11-сола аз сӯи як мард дар Рӯдакӣ: муттаҳам боздошт шуд
"Духтар, ки дар болои кати ҳавлии истиқоматиаш хоб буда, дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт, мард аз ин ҳолатҳо истифода намуда, номбурдаро аз дастонаш гирифта, маҷбуран кашолакунон ба дохили ҳуҷраи меҳмонхонаи манзили зисташ бурдааст", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Баъди вориди ҳуҷраи мазкур намудан Абдуллоев А.Н. пойҷома ва таҳпуши ноболиғ Н.-ро аз танаш бароварда, қасди ба номуси номбурда таҷовуз намуданро кард. Ин вақт ноболиғ Н. хост доду фиғон намояд, аммо падараш Абдуллоев А.Н. бо мақсади то ба охир расонидани қасди ҷинояткоронаи худ бо истифодаи қувваи зуроварӣ ба воситаи болишт Н.-ро аз ҳуш беҳуш намуда, ба номусаштаҷовуз намудааст.

Шарҳи пурраи ҳодисаи таҷовузи духтарчаи сесола дар Душанбе

 Гуфта мешавад, додситони Данғара нисбати Абдуллоев А.Н. бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ онро ба суд фиристонидааст.

 Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 10 июли соли 2020  Абдуллоев А. Н. ба мӯҳлати 25 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи низомаш сахт аз озодӣ маҳрум карда шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0