Ҳамдардии фарҳангиёни тоҷик бо хонаводаи Мавлуда Обидова

© Вазорати фарҳангҲунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Мавлуда Обидова
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Мавлуда Обидова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо аҳли хонаводаи ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Мавлуда Обидова изҳори таслият кардааст

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нисбат ба даргузашти ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Мавлуда Обидова номаи таслият навиштааст.

Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти Мавлуда Обидова, ҳунарпешаи шинохтаи театру кино

"Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар нисбати даргузашти Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Мавлуда Обидова андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри чамил хоҳонанд", - омадааст дар нома.

Даргузашти Муҳиддин Сангинов, мудири Театри Камоли Хуҷандӣ аз "илтиҳоби шуш"

Ёдрас мешавем, ки Мавлуда Обидова, ҳунарпешаи шинохтаи маъруфи театр ва синамои тоҷик, рӯзи 1 сентябр дар синни 71 солагӣ аз олам даргузашт.

Ҳунарманди шинохта 3 октябри соли 1948 ба дунё омада, дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ нақшофарӣ мекард.

Лентаи хабарҳо
0