Расулзода: қатъи воридоти гази моеъ сабаби болоравии нархи маводи ғизоӣ мешавад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкГазозаправочная станция, архивное фото
Газозаправочная станция, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коршинос таъкид дошт, ки қатъи воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон масъалаи ҷиддӣ аст ва онро бояд ҳарчи зудтар дар сатҳи ҳукуматӣ ҳал кард

ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Коршинос Тилав Расулзода, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъкид дошт, ки аввал бояд муқаррар кард, ки сабаби манъи содироти гази моеъ ба Тоҷикистон аз тарафи Ӯзбекистону Қазоқистон дар чист.

Цистерна прицепленная к грузовику, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Посухе нест, ки чаро: гази моеъ дар Тоҷикистон боз гаронтар шуд

Вай афзуд, агар воридот барои як ҳафта ҳам қатъ шавад, дар ҷумҳурӣ болоравии қимати маводи сӯхт ба назар мерасад.

“Дар Тоҷикистон гази моеъ истеҳсол намешавад ва бештари мардуми Тоҷикистон маҳз аз ҳамин сӯзишвори ба хотири арзон буданаш истифода мекунанд”, - гуфт коршинос.

Коршинос қайд кард, ки ин масъала бисёр муҳим аст ва он бояд дар сатҳи ҳукуматӣ баррасӣ шавад зеро дар баробари баланд шудани қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва ғизоӣ низ мушоҳида мешавад.

“Кишоварзон ҳангоми интиқол додани маҳсулоти худ ҳатман ҳамун хароҷоте, ки барои интиқоли мавод масраф мекунанд болои маҳсулоти худ илова мекунанд. Дар ин сурат, хоҳем на хоҳем арзиши маҳсулоти кишоварзӣ боло меравад”, - зикр кард Тилав Расулзода.

Вай гуфт, Тоҷикистон бояд тамоми шартномаҳояшро дар ин маврид таҷдиди назар кунад. Ҳукумат бояд донад то кадом андоза бандҳои шартномаҳои басташуд иҷро мешаванд.

Добыча нефти, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Иктишофи нафту гази Тоҷикистон: танҳо ду ширкат, ҳарду ҳам кор намекунанд

Тилав Расулзода гуфт, содироти маводи сӯхт аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон, аҳамияти стратегӣ дорад ва шартномаҳо низ бояд аз аввал то охири сол баста шаванд. Кишваре, ки ба содироти маводи сӯхт машғул аст тибқи шартномаи бастааш мувазаф аст, ки ҳамон қарордодашро иҷро кунад.

Агар ин кишварҳо дар бораи қатъи содироти гази моеъ тасмим гирифта бошанд, онҳо бояд қаблан Тоҷикистонро огаҳ мекарданд.

Қарордодҳо бояд дигарбора бозбинӣ шаванд. Ин хел набояд бошад ҳар кишвар  ҳар вақте хоҳад аз шартномаи худ даст кашад.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон аз маҳдуд шудани интиқоли гази моеъ аз Ӯзбекистон ва Қазоқистон ба Тоҷикистон хабар дод. 

Лентаи хабарҳо
0