ДУШАНБЕ, 4 сен — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо назардошти хатари вирус табдирҳои беҳдоштӣ ва чораҳои пеширикунандаро тақвият медиҳад.
Ахиран бо мақсади идомаи корҳо оид ба аҳолӣ расонидани иттилои дақиқу илмӣ дар бораи вирус, тақвияти чораҳои зидди эпидемия, КҲФ якҷо бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон лавҳаҳои иттилоотиро барои пешгирии паҳншавии беморӣ омода кард.
Тахтаҳо дар чор ноҳияи пойтахт бо нишон додани рақамҳои телефонҳои боварии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тотористон ва даъвати фаврии КҲФ овезон карда шудаанд.
"Дар тахтаҳо инчунин нишонаҳо барои нигоҳ доштани масофаи иҷтимоии якуним метр, пӯшидани ниқоб ва шустани дастҳо навишта шудааст", - омадааст дар хабарнома.
Бино ба гузориши КҲФ, кормандони ин ниҳод ҳамарӯза миёни аҳолӣ дар гӯшаву канори кишвар корҳои таблиғотӣ ва зиддиуфунӣ мебаранд.
Ғайр аз ин бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус КОВИД-19, таъмини некӯаҳволии санитарию эпидемиологии аҳолӣ ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба бо шарикон, Кумита буклетҳои иттилоотӣ, китобчаҳо ва дискҳоро бо наворҳои омӯзишӣ паҳн мекунад.
Омори ахири гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон
Ёдрас мешавем, ки 11 марти соли 2020 Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз авҷи бемории коронавирус хабар дод ва онро ҳамагирии нав ва хатар ба ҷони оламиён эълон кард.
Тибқи иттилои Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, аз 30 апрел то 3 сентябр дар кишвар 8 ҳазору 690 ҳолати гирифторшавӣ ба COVID-19 сабт гардидааст.