https://sputnik.tj/20200903/jazoi-ronandae-ki-dar-rohhoi-Khujand-namoishkorona-qonunshikani-kard-video-1031842594.html
Ҷазои ронандае, ки дар роҳҳои Хуҷанд намоишкорона қонуншиканӣ кард-видео
Ҷазои ронандае, ки дар роҳҳои Хуҷанд намоишкорона қонуншиканӣ кард-видео
Sputnik Тоҷикистон
Маъмурини милиса шахсияти ронандаеро, ки намоишкорона дар роҳҳои марказии Хуҷанд қонуншиканӣ карду навораш ахиран ба интернет роҳ ёфт, муайян намудааст 03.09.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-09-03T19:40+0500
2020-09-03T19:40+0500
2021-07-21T18:45+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102396/52/1023965296_0:0:1492:844_1920x0_80_0_0_f5842409097a5f7221cea855a3d68c21.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102396/52/1023965296_13:0:1356:844_1920x0_80_0_0_a4994e52d6464235d8c5ac7e5d5b4a41.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, нақлиёт, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Ҷазои ронандае, ки дар роҳҳои Хуҷанд намоишкорона қонуншиканӣ кард-видео
19:40 03.09.2020 (Навсозишуда: 18:45 21.07.2021) Маъмурини милиса шахсияти ронандаеро, ки намоишкорона дар роҳҳои марказии Хуҷанд қонуншиканӣ карду навораш ахиран ба интернет роҳ ёфт, муайян намудааст
ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Бар асоси наворҳои нашршуда, ронандаи қоидаситез намоишкорона ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада бо суръати баланд воситаи нақлиётро идора менамояд.
Муқобили ҳаракат пеши чашми пулис: баҳси қонуншикании “ҷавонони тиллоӣ” дар Хуҷанд-3 видео
ВУД мегӯяд, маъмурини милиса муайян намудаанд, ки ронандаи мазкур Раҷабов Диёр Бойалиевич, сокини 26-солаи деҳаи Кӯлолии ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент мебошад.
Тафтиши навор: мошин аз худаш нест, ба Хуҷанд сайёҳат омадаанд-видео
“Тавре Раҷабов нишондод медиҳад ҳолати дар навор инъикосгардида санаи 18-уми сентябри соли 2019 тахминан соатҳои 23:00 ба вуқуъ пайваста, воситаи нақлиёти таҳти идораи ӯ қарордошта автомашинаи тамғаи “Ауди а-6” аст, ки ба рафиқи хориҷиаш тааллуқ дорад ва он замон онҳо барои саёҳат ба шаҳри Хуҷанд омада буданд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ таъкид кардааст, ки Диёр Раҷабов барои қоидавайронкунӣ бо қарори суд ба ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз маҳкум шудааст.