ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Дар даври аввали бозии дӯстона дар варзишгоҳи "Локомотив"-и шаҳри Тошканд тими мизбон бо як гол пеш гузашт. Тоҷикистониён дар даври дуюм тавонистанд, ҳисобро баробар - 1:1 кунанд.
Баробарӣ дер напоид ва Мурод Холмуҳаммедов, бозигари тими Ӯзбекистон бо зарбаи ҷаримавии 11-метрӣ тӯбро вориди дарвозаи Тоҷикистон намуд. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи Ӯзбекистон анҷом ёфт.
Ҷазои Гулов, сардори Маркази санитарию эпидемиологӣ барои тӯйи писараш
Мунтахаби миллии Тоҷикистон ҳанӯз 1 сентябр озими Тошканд шуда, таҳти роҳнамоии сармураббӣ Усмон Тошев ду даври тамринро гузаронданд.
Қаблан тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Ӯзбекистон соли 2011 сабқат карда буданд, ки он замон ду бозӣ бо ҳисобҳои 3:0 ва 1:0 ба фоидаи футболбозони ӯзбек анҷом ёфта буд.
Дар арафаи бозии 3 сентябрии Тоҷикистону Ӯзбекистон шореҳони варзиш пирӯзии шогирдони Вадим Абрамов, мураббии тими Ӯзбекистонро пешгӯӣ карда буданд.