Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии "Биатлони танкӣ-2020" мақоми аввалро гирифт

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонк"АрМИ — 2020". Танковый биатлон. Индивидуальная гонка
АрМИ — 2020. Танковый биатлон. Индивидуальная гонка - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар даври нимниҳоӣ барои расидан ба финали “Биатлонм танкӣ” экипажҳои Тоҷикистон, Лаос ва Конго ширкат варзиданд

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Тоҷикистон аввалин шуда  нимфинали  “Биатлонм танкӣ”-ро, ки дар доираи мусобиқоти ARMI-2020 идома дорад, ба анҷон расонидад.

LIVE_СПУТНИК: Танковый биатлон в Алабино - Sputnik Тоҷикистон
Рақобати танкчиёни Тоҷикистон дар "Биатлони танкӣ" - пахши мустақим анҷом ёфт.

Мусобиқаҳо дар пойгоҳи Алабино воқеъ дар наздикии Маскав баргузор шуданд. Дар нимфинал экипажҳо аз Тоҷикистон, Лаос ва Конго ширкат варзиданд.

Дар натиҷа, Тоҷикистон дар тӯли 2 соату 41 дақиқа ҳамаи хатҳоро тай кард. Дар робита ба ин экипажи ҷумҳурӣ имкон дорад, ки ба финали "Биатлони Танкӣ" роҳ ёбад.

Ҷои дуввумро дар пойга Лаос ишғол кард, ки давоми 2 соату 43 дақиқа ба марра расид.

Мақоми аввали Тоҷикистон дар сабқати "Биатлони танкӣ" дар Маскав

Барои анҷоми марҳилаи ниманиҳоии “Биатлони танкӣ” барои Конго беш аз 3 соат вақт сарф шуд.

Имрӯз дар назар аст қуръакашӣ доир шавад, ки дар он иштирокчиён марҳилаи финалӣ  муаян хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0