Коргардони филми "Беслан": ҳодисаи даҳшатноктарин дар таърихи навин

© Наталья Львова / Гузариш ба медиабонкНа месте теракта в школе N 1 в Беслане.
На месте теракта в школе N 1 в Беслане. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сеюми сентябр дар шабакаи телевизионии "Россия 1" нахустнамоиши филми мустанади "Беслан" баргузор мешавад, ки ба гаравгонгирии фоҷиавӣ дар мактаби 1-уми шаҳри Беслан бахшида шудааст

ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Александр Рогаткин, коргардони филм дар мусоҳиба бо РИА Новости дар бораи фарзияю овозаҳо, хотираҳои шоҳидон ва кори худ нақл кард.

— Александр, ба тамошобинон пешакӣ гӯед, ки аз филми мустанади шумо чӣ чизи нав дарёфт мекунанд?

— Ин рӯйдоди куҳна аст, 16 сол боз ҷомеаро ба қисмҳо ҷудо карда истодааст. Дар таърихи навтарини мо ҳеҷ чизе аз ин даҳшатнок ва воҳиманоктар рух надода буд ва албатта, ин диққати тамоми рӯзноманигоронро ба худ ҷалб мекунад. Бисёр назарияю қиссаҳои алтернативӣ пешниҳод карда мешаванд, ки аз ҷумла маърӯзаи собиқ аъзои комиссияи парлумонӣ Юрий Савелевро бар асос мегиранд. Ӯ маърӯзаи расмиро имзо накард ва гузориши алтернативии худро баровард. Савелев итминон дод, ки террористҳо ягон дастгоҳи худсохти тарканда надоштанд, нерӯҳои махсус ба толори мактаб оташ мезаданд ва ин сабаби марги ин қадар гаравгонҳо шудааст. Гӯё ки онҳо намехостанд террористҳоро раҳо кунанд ва ҳамаро куштанд. Ва ин фикрро расонаҳои мухолифини либералии мо ва ҳам дар Ғарб дар тӯли ин солҳо бозтоб медиҳанд.

— Лекин ин фикр чандин бор рад карда шудааст...

— Прокуратура ин тафсирро тафтиш кард. Мутахассисон хулоса бароварданд: дар соли 2004 ягон норинҷакандоз, ё худ гранатомёте, ки девори мактабро зада гузарад, набуд. Сарфи назар аз ин, бисёр таҳқиқоти рӯзноманигорӣ маърӯзаи Савелевро ҳамчун асос қабул мекунанд. Онҳо сол аз сол ин ривоятро такрор мекунанд. Мо кӯшиш кардем, ки дар бораи асотирҳои зиёд нақл кунем. Ва илова бар ин, дар филми мо бисёр ҳикояҳо ва фоҷиаҳои инсонӣ мавҷуданд, чӣ тавр одамон дар давоми ҳама ин солҳо зиндагӣ мекунанд, чӣ  гуна оилаҳои нав эҷод мекунанд ва фарзандонро таваллуд мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0