ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, расо соати 24 – и 2 сентябр аз неругоҳи “Норак” хабар доданд, ки оби обанбор ба нуктаи ниҳоии худ расид.
“Нуктаи ниҳоии обанбор 910 метр аст. Ин ба он маъност, ки тирамоҳу зимистони имсол дар Тоҷикистон барқӣ кофӣ вуҷуд хоҳад дошт ва лимит – маҳдудияти барқ ҷорӣ нахоҳад шуд”, - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.
Охири моҳи июл “Барқи тоҷик” эълон карда буд, ки вазъ дар обанбори “Норак” ба далели кам рехтани об аз манбаъҳо вахим гаштааст.
Кор ба ин ҷо кашид, ки ҳукумати Тоҷикистон тайи як паёми катбӣ тариқи расонаҳо ва ҳатто паёмакҳои ширкатҳои мобилӣ аз мардум хост, ки дар ҳоли ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ тасмими “Барқи тоҷик” – ро дуруст дарк кунанд ва танҳо роҳи бебарқ намондан дар фаслҳои тирамоҳу зимистон сарфа сарфа кардани барқ дар фасли тобистон аст.
“Гармшавии иқлим ва қариб 50 фоиз кам будани ҳаҷми боришоти барф, ки дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад, боиси он гардид, ки имрӯзҳо об дар маҷрои дарёи Вахш 800 метри мукааб, яъне 50 фоиз кам аст. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам мебошад”, - омада буд дар паёми ҳукумати Тоҷикистон.
Шарҳи "Барқи тоҷик" дар бораи коҳиши содироти қувваи барқ ба Афғонистон ва Ӯзбекистон
Тоҷикистон солона ҳудуди 20 миллиард киловат-соат барқ истеҳсол мекунад, ки тибқи иттилои “Барқи тоҷик” 50 фоизи онро аҳолии кишвар истифода мебарад. Сухангӯи “Барқи тоҷик” мегӯяд, обанбори пур истеҳсоли барқро низ бамаротиб афзоиш медиҳад.
“Дар ҳоли пур будани обанбор фишор зиёд шуда, аз ҳар як сантиметри он 600 ило 700 ҳазор киловат – соат барқ тавлид мешавад, ки тамоми эҳтиёҷоти мардумро ба барқ таъмин мекунад”, - гуфт Нозирҷон Ёдгорӣ.
Тоҷикистон аз нимаи солҳои 90 таҷрибаи талхи маҳдудияти интиқоли барқро аз сар гузаронда, дар айёми зимистон сокинони кишвар ҳатто дар як шабонаруз ҳамагӣ ду соат барқ мегирифтанд.
Вазорати энержӣ: тавлиди барқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфт
Аз 14 январи соли 2017 маҳдудияти таъмини нерӯи барқ дар кишвар пурра бардошта шуд ва мардум 24 соат бо барқ таъмин шуданд.