Ҳамдардӣ менамоям: Раҳмон даргузашти Пранаб Мукерҷиро таслият гуфт

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҳиндустон Рам Натх Ковинд барқияи таслият ирсол кардааст

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даргузашти сиёсатмадори маъруфи ҳинд Пранаб Мукерҷиро ба мардуми Ҳиндустон таслият гуфтааст.

Тавре дафтари матбуоти президент менависад, имрӯз, 2 сентябр президент Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Ҳиндустон Рам Натх Ковинд барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.

"Ҷаноби Олӣ, хабари даргузашти сиёсатмадор ва ходими маъруфи давлатӣ, собиқ Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пранаб Мукерҷӣ боиси андуҳи мо гардид", - изҳор доштааст кишвардори Тоҷикистон.
На месте крушения пассажирского самолета Boeing 737 Air India Express в индийском городе Кежикоде, штат Керала, Индия - Sputnik Тоҷикистон
Сукути ҳавопаймои мусофирбар дар Ҳиндустон: аксҳо аз ҷойи ҳодиса

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки марҳум бо хизмати содиқона ва фаъолияти доманадору сермаҳсули худ дар мансабҳои гуногуни олимартабаву муҳими давлатӣ соҳиби иззату эҳтиром ва обрӯву эътибори баланд дар дохили кишвар ва берун аз ҳудуди он гардида буд.

"Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба пайвандону наздикони марҳум ва тамоми мардуми дӯсти Ҳиндустон таъзияву таслият ва ҳамдардии самимии ин ҷонибро изҳор менамоям", - гуфтааст вай дар анҷом.

Ёдрас мешавем, собиқ президенти Ҳиндустон Пранаб Кумар Мукерҷӣ дар синни 85-солагӣ дар Ню-Дели дар пайи сирояти коронавирус даргузашт.

Тавсифи президенти Ҳиндустон аз Эмомалӣ Раҳмон ва саммити бузург дар Душанбе

Бино бар иттилои расонаҳо, ӯ ҳамчунин пас аз ҷарроҳии мағзи сар аз аввалҳои моҳи август дар ҳолати беҳушӣ қарор дошт.

Лентаи хабарҳо
0