Боз ду ҷавони душанбегӣ барои "гаппартоӣ" муҷозот шуданд

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкРуки в наручниках
Руки в наручниках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Онҳо ба ду зан, ки дар кӯча интизори нақлиёти ҷамъиятӣ буданд, на танҳо "гап партофтанд", балки баъди шунидани посухи рад хархаша намуда, таҳқир карданд

ДУШАНБЕ, 02 сен — Sputnik. Раёсати Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар пойтахт ду ҷавон барои бадрафторӣ нисбат ба занон дастгир шуданд.

Тавре манбаъ менависад, боздоштшудагон Давлатов Рустамҷони 23-сола ва Содиқов Ҳикматуллои 22-сола санаи 29-уми августи соли ҷорӣ тақрибан соати 20:30 дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Н. Қарабоев қарор доштанашон ду нафар ҷавонзанро, ки дар роҳ интизори автомашинаи мусофирбар будаанд, ба дохили автамашинаи худ даъват намуда, бо шунидани ҷавоби рад нисбати онҳо бадрафторӣ намуда, бо суханони қабеҳ шаъну шарафашонро паст задаанд.

"Аз ҷумла ҳолати хашму ғазаб ва суханони фаҳшои шаҳрванд Содиқов Ҳикматтуло, ки мусофири автомашинаи мазкур мебошад, дар навори ба мақомоти милитсия датрасшуда низ баръало мушоҳида мегардад", - менависад манбаъ.

Навори қазияро яке аз занони таҳқиршуда ба РВКД Душанбе дастрас кардааст.

Фатвои Шӯрои уламо дар бораи “гаппартоӣ”-ҳои шаҳвонӣ

Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати шаҳрвандон Давлатов Рустамҷон ва Содиқов Ҳикматулло бо моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо Қарори Суди н. Фирдасии ш. Душанбе санаи 31-уми август нисбати шаҳрванд Содиқов Ҳикматулло ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз ва нисбати Давлатов Рустам бошад ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 7- нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.

Лентаи хабарҳо
0