Тағйирот: мардуми Тоҷикистонро аз 1 сентябр чӣ дигаргуниҳо интизор аст

© Sputnik / Стас ЭтвешВид на город Душанбе, 2020 год, архивное фото
Вид на город Душанбе, 2020 год, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон, сар аз 1 сентябр музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 10% ва дигар муассисаҳои буҷавӣ, инчунин нафақа ва стипендия 15% зиёд карда мешавад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Бар асоси дастури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз 1 сентябр музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар муассисаҳои буҷавӣ, инчунин нафақа ва стипендия зиёд карда мешавад, хабар медиҳад котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Аз 1 сентябри соли 2020 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ, бахусус маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, илму фарҳанг, мақомоти ҳокимияти идораи давлатӣ ба андозаи 15 фоиз ва музди маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа ба андозаи 10 фоиз зиёд карда мешавад", - омадааст дар хабарнома.

Инчунин, андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи касбӣ ва дигар намуди стипендия, ба истиснои стипендияҳои президентӣ, курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилӣ 15 фоиз зиёд мегардад.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумат: Раҳмон барои таъмини маошу нафақа ва захираи ғизо супориш дод

Вазорати молия: маош, нафақа ва стипендия аз 1 сентябр зиёд мешавад

Андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, нафақаи заминавӣ ва нафақаи меҳнатӣ аз рӯи синну сол 15 фоиз зиёд гардида, мувофиқан ба андозаи 207 сомонӣ ва 978 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Андозаи нафақаҳои иҷтимоӣ аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки даҳ фарзанд таваллуд карда, онҳоро то ҳаштсолагӣ тарбия намуданд), кӯдакони маъюби то 18-сола, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин ниёз дошта, ба онҳо нафақа дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъин шудааст, ба андозаи 50 фоизи ҳадди ақали нафақаҳои меҳнатӣ аз рӯи синну сол зиёд карда мешавад.

Супоришҳои Раҳмон ба раисони Ҳисор ва Рашт барои таъмини саривақтии маошу нафақа

Президент вазорату идораҳоро вазифадор кард, то ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Фармон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Лентаи хабарҳо
0