Саломатӣ, дороӣ ва донишу пуштибонҳо: номзадҳо ба президентиро чигуна сабт мекунанд?

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Ҳукумат
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Ҳукумат - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Комрон Давлатзода, коршиноси КМИР Тоҷикистон шарҳ дод, ки номзадҳо ба президентӣ чӣ гуна сабт мегарданду аз онҳо чӣ талаб карда мешавад

ДУШАНБЕ, 1 сен - Sputnik. Давлатзода гуфт, бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, бақайдгирии номзадҳо ба президентӣ, аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давоми се рӯз аз лаҳзаи расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ, вале на дертар аз 25 рӯз то интихобот сурат мегирад.

Председатель Демократической партии  Саидджафар Усмонзода - Sputnik Тоҷикистон
Зиндагинома ва ваъдаҳои пешазинтихоботии Усмонзода: довталаби курсии президенти Тоҷикистон

Коршиноси КМИР таъкид намуд, барои сабти номзад бояд ҳуҷҷатҳои зерин, аз ҷумла нусхаи шиноснома, маълумот дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ дар шакли эъломияи андоз, маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ, маълумотнома аз ҷойи истиқомат бо мақсади муайян намудани муҳлати даҳсолаи истиқомат дар ҳудуди ҷумҳурӣ пешниҳод шавад.

Аммо пеш аз ҳама бояд протоколи маҷлиси мақоми олии ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлиси вакилони халқи вилоятҳо, Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, инчунин, Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ пешниҳод карда шавад, навиштааст “Садои мардум” аз қавли ҳуқуқшиноси КМИР.

Рахматилло Зойиров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ҲСДТ интихоботи президентии Тоҷикистонро бойкот кард ва аз ширкат дар он даст кашид

Дар феҳрасти ҳуҷҷатҳои зарурӣ инчунин нусхаи ҳуҷҷати расмие, ки доштани таҳсилоти олиро тасдиқ мекунад, хулосаи КМИР дар хусуси муайян намудани сатҳи донистани забони давлатӣ, маълумот аз Сармаркази иттилоотии таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи надоштани доғи судӣ, бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон дар бораи дастгирии номзад, тарҷумаи ҳоли номзад ва аризаи номзад дар бораи пешбарӣ кардан ба мансаби Президенти Тоҷикистон зикр шудаанд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар давоми ду рӯз баъди бақайдгирии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо шаҳодатномаи дахлдор медиҳад.

Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Номзади ҷавонони Тоҷикистон дар интихоботи президентӣ маълум шуд-акс

Агар КМИР бақайдгирии номзадро рад кунад, ниҳодҳое, ки ӯро пешбарӣ намудаанд, метавонанд Додгоҳи олии Тоҷикистон муроҷиат кунанд ва шикоят дар муҳлати шаш рӯз баррасӣ карда мешавад. Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъӣ мебошад.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар муҳлати ҳафт рӯз баъди бақайдгирии номзад дар расонаҳои расмӣ дар бораи бақайдгирӣ бо зикри насаб, ном ва номи падар, сол ва ҷои таваллуд, вазифа ва ҷои кор, ҳизбият, маҳалли зист, вазъи оилавии номзад, инчунин, номи мақоме, ки номзадро ба мансаби Президент пешниҳод кардааст, хабар чоп мекунаду инчунин дар сомонааш ҳам ҷой медиҳад.

Лентаи хабарҳо
0