Раҳмон гуфт, ба табибон кадом забонҳо ҷиддӣ омӯзонида шавад

Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои нави "Коллеҷи тиббӣ" супориш дод, то дар раванди таълим ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ диққати ҷиддӣ дода шавад

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт бинои нави "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"-ро ба баҳрабардорӣ расонид.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, бинои нави Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. 

Аснои ошноӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз муҳайё гардидани имкониятҳои васеи илму ҳунаромӯзӣ масъулонро барои омода кардани мутахассисони баландихтисос ҳидоят намуд.

"Дастур дода шуд, ки дар раванди таълим ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ диққати ҷиддӣ дода шавад", омадааст дар хабарнома.

Гуфта мешавад, ки синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои корӣ ва ҳуҷраҳои омӯзгорон бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва хати интернет пайваст мебошанд.

Дастури президент барои сохтмони коллеҷи тиббӣ дар Темурмалик

Феълан дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 7 ҳазору 569 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 2 ҳазору 19 нафар писар ва 5 ҳазору 550 нафар духтар мебошанд. Ба онҳо 321 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 85 нафар бо дараҷаи тахассуси олӣ, 64 нафар тахассуси якум ва 49 нафар тахассуси дуюм дарс мегӯянд.

Зимни суҳбат бо омӯзгорон Эмомалӣ Раҳмон аз марҳилаҳои ташаккули тибби тоҷик, ки таърихи тӯлонӣ дорад, изҳори андеша карда, тарбияи мутахассисони баландихтисосро дар ин ҷода аз вазифаҳои аввалиндараҷаи  омӯзгорон арзёбӣ кардааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар комбинети фармакогнозия ва истеҳсоли дорувории  коллеҷи мазкур 16 намуд маводи доруворӣ аз гулу гиёҳҳои шифобахш истеҳсол мешавад.

Ба иттилои масъулон, соли 2020 Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”-ро 2 ҳазору 280 донишҷӯ аз рӯйи 12 ихтисос хатм намуда, соҳиби маълумоти миёнаи тиббӣ гардиданд. Донишҷӯёни дурдасти мамлакат бо хобгоҳ таъмин мегарданд.

Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ таърихи 85-сола дошта, ҳанӯз соли 1935 таъсис ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0