Ҷашнҳои рӯзи 31 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 31 августа
День 31 августа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи 31 август дар Қирғизистон – Рӯзи истиқлолият, дар Молдавия – Рӯзи миллии забон, дар Малайзия – Рӯзи истиқлолият ва дар Ӯзбекистон Рӯзи хотираи қурбониён мебошад

Рӯзи 31 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1913 дар Голландия клуби футболи «ПСВ» таъсис  ёфт.

День 30 августа - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 30 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1919 дар Ирландия сензураи матбуот бекор карда шуд.

Соли 1920  корхонаи «Красное Сормово» аввалин маротиба дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ намуди танки М («Русский Рено») истеҳсол кард.

Соли 1975 Фонди байналмилалии асъор қарор қабул намуд, ки тибқи он барои ҳисобҳои пулии байналмилалӣ пардохт намудани тилло рад карда шуд.   

Соли 1994 хуруҷи неруҳои ҳарбии Русия аз Олмон ба анҷом расид.

Рӯзи 31 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1991 ҶШС Тоҷикистон номи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт.

Ссоли 2010 зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки то 10 сентябри соли 2010 пулҳои нави 3, 200 ва 500 сомонӣ ба муомилот бароварда мешаванд.

© Sputnik / СтрингерТаджикские денежные знаки Сомони
Ҷашнҳои рӯзи 31 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Таджикские денежные знаки Сомони

Соли 2010 дар мулоқоти Президент Эмомалӣ Раҳмон ва намояндаи махсуси Дабири кулли Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) Роберт Симмонс масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону НАТО баррасӣ шуд.

День 29 августа - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 29 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 дар шаҳри Кӯлоб Президент дар барномаи рангини ҳунарии тантанаҳои асосии таҷлили 700  солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  суханронӣ намуд.

Соли  2016 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон маҷмааи муҳташами варзишӣ ба истифода дода шуд.

Соли 2016 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати аввали Маҷмааи нассоҷии ҶСП «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил» иштирок намуд.

Соли 2018 паҳлавони маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар Бозиҳои 18-уми тобистонаи осиёӣ дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия аз рӯи намуди гӯштини дзюдо  медали биринҷӣ ба даст овард.

© International Judo FederationКомроншох Устопирён
Ҷашнҳои рӯзи 31 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Комроншох Устопирён

Ҷашнҳои рӯзи 31 август

  • Дар Қирғизистон – Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Молдавия – Рӯзи миллии забон.
  • Дар Малайзия – Рӯзи истиқлолият.
  • Рӯзи хотираи қурбониён дар Ӯзбекистон;

Рӯзи 31 август дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Урунбой Ашӯров (1901 – 1937) – арбоби ҳизбию давлатӣ.

Умриҷон Баҳриев (1942)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Акбар Исоев (1955)- санъатшинос, рассом.

Анвар Сулаймонов (1941-2004)- аввалин наттоқи ТВ.

Очилбой Усмонов (1930 – 2008) – доктори илми ҳуқуқ, профессор, узви вобастаи АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Ҷўра Усмонов (1907- 1974)- яке аз поягузорони матбуоти тоҷик.

Уктам Ҳамроев (1929)- собиқдори матбуот, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Бароат Ҳоҷибоева (1928) – забоншинос, профессор.

Елизавета Чистова (1915 – 2000) – актрисаи театр. Ҳунарапешаи мардумии Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0