ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Раиси шаҳри Исфара Сулаймонзода Акрам Раҳим аз раванди корҳо дар ин иншооти ҳаётан муҳим ошно шуд, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти раиси шаҳри Исфара.
Бино бар иттилои манбаъ, аз ибтидои соли равон дар марҳилаи аввал аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардид.
Гуфта шудааст, ки то ҳол, 1500 метр қубури баландфишори обгузар харидорӣ шудааст ва он васл хоҳад шуд.
Ҳамзамон дар нуқтаи баландии аввал сохтмони ҳавз, трансформатор ва кашидани хати барқ сурат мегирад.
“Дар асоси лоиҳаи хати оби нӯшокии “Чорқишлоқ – Шӯроб”, ки арзиши умумии он 13 миллион сомониро ташкил медиҳад, об аз дарёи Исфара ба дарозии 11,2 километр тавассути қубурҳои баландфишор ба шаҳраки Шӯроб интиқол дода мешавад. Дар Шӯроб ду ҳавз бо ғунчоиши умумии 5 ҳазор метри мукааб сохта шуда, дар масофаи наздик 6 километр қубурҳо хобонида шудааст. Барои пурсамар фаъолият намудани иншоот агрегатҳои нав харидорӣ ва насб карда хоҳад шуд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Акрам Сулаймонзода ба масъулини бахши шаҳрдорӣ барои вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо ташкилоти сохтмонӣ ва мусоидатнамоӣ баҳри саривақт ва босифат бунёд намудани иншооти обрасон дастурҳои мушаххас дод.
Мақомоти шаҳри Исфара қайд кардааст, ки бо назардошти шаҳраки саноатӣ будани Шӯроб дар замони шӯравӣ миллату қавмҳои гуногун дар он маскун гардида, дар шаҳрак то 15 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекард. Ҳоло бошад тибқи ҳуҷҷатҳои бақайдгирии аҳолӣ дар шаҳрак беш аз 3000 нафар сокинон умр ба сар мебаранд.