Сафири нави Тоҷикистон дар Чин кист?

© Sputnik / Владимир ФедоренкоПиджак на кресле
Пиджак на кресле - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо қарори навбатии раисҷумҳури Тоҷикистон муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон аз вазифаи ишғолнамудааш озод карда шуд

ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз президенти кишвар бо имзои як қарор Саидзода Зоҳир Озод, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистонро,  бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифааш озод карда шавад.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Фармонҳои Эмомалӣ Раҳмон: таъйини сафирони Тоҷикистон дар Чин, Арабистони Саудӣ ва Миср

Дар ҳаимин ҳол ба иттилои манбаъ, бо имзои як фармон Саидзода Зоҳир Озод ба ҳайси сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Чин таъин карда шуд.

Тибқи иттилои сомонаи расмии вазорати умури хориҷа Саидзода Зоҳир Озод  23 декабри соли 1957 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.

Ӯ дорои маълумоти олӣ мебошад.

Саидзода Зоҳир Озод, донишгоҳи давлатии шаҳри Кулоб ва Донишгоҳи сиёсӣ – иҷтимоии  Урали Русияро хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро 1980 ҳамчун омузгори Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, оғоз кардааст.

Гуфта шудааст, ки дар Вазорати корҳои хориҷӣ аз соли 1996 фаъолият дорад.

Ӯ аз соли 2013 то соли 2017 ҳамчун сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон кор кардааст.

Сипас соли 2017 бо фармони раисҷумҳур ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъйин шуд.

Саидзода Зоҳир Озод фиристодаи Фавқулода ва Мухтори дараҷаи 2 дорад.

Лентаи хабарҳо
0