ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Варзишкори тоҷик Муҳаммад Наимов дар сабқати Dana White's Contender Series иштирок мекунад.
Ҳарифи Наимов дар ин мусобиқа варзишкори амрикоӣ Коллин Энглин мебошад. Муҳориба 15 сентябр дар Лас-Вегаси иёлати Невада баргузор мешавад.
Бояд қайд кард, ки ғолибони ин сабқат имконияти имзои шартнома ба UFC-ро пайдо мекунанд.
Ёдовар мешавам, Муҳаммад Наимов ба наздикӣ ба муҳорибаҳои омехта шурӯъ кард. Пештар вай бомуваффақият дар тхэквондо ва кикбоксинг тамрин мекард. Қаҳрамони Осиё дар вазнҳои гуногун гашта буд.
"Ман аз 9-солагӣ ба тхэвандо меравам, ба ин намуда варзиш маро бобоям дода буд. Аввал тамрин дар ин риштаи варзиш бароям шавқовар набуд, аммо баъд одат кардам. Зери роҳбарии мураббиям Далер Тӯраев дар ман завқи пирӯзӣ дар сабқатҳо пайдо шуд, мехостам каме бошад ҳам ба мураббиям монанд шавам. Ман бо ҷидду ҷаҳд тамрин мекардам, дар ҳар як тамринам кӯшиши зиёде мекардам ва дар сабқатҳо ба дастовардҳо ноил мегардидам. Ҳамин тавр, ман дар ҳар як мусбиқа танҳо ба пирӯзӣ кӯшиш мекунам", - нақл карда буд ештар варзишгар.
Рамзикор таъкид мекунад, ки боварӣ ба қувваи худ ва боварӣ ба он, ки ҳарифи мағлубнашаванда нест, ба вай дар пирӯзӣ кӯмак мекунад.
"Бо ҳар як варзишкор метавон ва бояд бо умеди дастболоӣ муҳориба кард. Албатта пеш аз ҳар як мусобиқа ҳаяҷон ҳаст, аммо он мегузарад. Муҳим, дар ин бора бояд фикр накард, тактикаи худро истифода бурд ва кӯшиш кард, ки хунсард бошӣ", - таъкид кард вай.
Чемпиони панҷ ҳунар аз Тоҷикистон: пирӯзии Анатолий Старостин дар бозиҳои олимпӣ
Наимов баъдӣ пирӯзӣ бар ҳама дар тхэквандо ва кикибоксинг, ба муҳорибаҳои омехта гузашт. Ӯ дар ин риштаи варзиш низ аз он қоидаҳое истифода мебарад, ки дар тхэвандо ва кикбоксинг истифода мебурд.
То имрӯз Наимов ягон бохт надорад. Бархе коршиносон мегӯянд, ки Муҳаммад Наимов ягона добталаб ба "рӯйдоди торихӣ" - нахустин тоҷик дар UFC аст.