Мотам дар хонаи Бахтиёр Иброҳимов: ҳамдардии раёсати фарҳанг

© Pixabay/kpereira52291Свеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати фарҳанги Тоҷикистон ба бародарон Иброҳимовҳо, ки яке овозхони шинохта ва дигаре оҳангсоз мебошад, изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 31 авг – Sputnik. Раёсати фарҳанги Душанбе аз даргузашти падари овозхон Бахтиёр Иброҳимов, роҳбари ансамбли Гулшан ва оҳангсоз Убайдулло Иброҳимзода хабар додааст.

“Аҳли кормандони Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе ба Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов ва композитор Убайдулло Иброҳимзода нисбати даргузашти падарашон ҳамдардии амиқ изҳор менамоянд! Равонашон шоду хонаи охираташон обод бод!”, - омадааст дар изҳороти раёсати фарҳанг. Сабаби даргузашт зикр нашудааст.

Бахтиёр ва Убайдулло Иброҳимовҳо бо даҳҳо суруди эҷодкардаашон маъруф буда, солҳои охир Бахтиёр роҳбарии ансамбли “Гулшан”-ро ба уҳда дорад. Бахтиёр Иброҳимови феълан 48-сола фаъолияти ҳунарияшро соли 1992 аз театри мардумии шаҳри Исфара оғоз карда, сипас гуруҳи ҳунарии “Бахт”-ро таъсис дода, муаллифи даҳҳо суруд мебошад.

Аҳли ҳунари Тоҷикистон ва мухлисони Иброҳимовҳо ба аъзои ин хонавода дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори ҳамдардӣ карда, сабри ҷамил хостаанд.

Лентаи хабарҳо
0