ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1380 сомонӣ ва дар бозори нақд бошад 0.1420 сомонӣ нишон дода шудааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.
Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1415 то 0,1440 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.137 то 0.145 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1370 то 0,1460 сомонӣ нишон дода шудааст.
Бонки осиёии рушд дар се сол ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 323 миллион доллар кумакпулӣ медиҳад
БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.