Гӯсфанди алмосӣ: дар Шотландия як гӯсфандро 490 ҳазор доллар фурӯхтанд - акс

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкПразднование Курбан-байрама в России
Празднование Курбан-байрама в России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин навъи гӯсфанди тексел буда, аз даврони империяи Рум машҳур аст. Чунин навъи гӯсфандон то 160 кило вазн доранд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар музоядаи Scottish National Texel Sale дар Шотландия гаронтарин гӯсфанд дар ҷаҳонро ба фурӯш бароварданд, хабар медиҳад, нашриёти бритонии Independent. 

Гӯсфандро 367,5 ҳазор фунт (наздики 490,6 ҳазор доллар) нарх карданд.

​Сухан дар бораи гӯсфанди навъи тексел бо лақаби Double Diamond (Алмоси дукарата) меравад, ки чунин навъи гӯсфандон аз даврони империяи Рум машҳур ҳастанд. Баҳои аввалаи гӯсфанд дар музояда 10,5 ҳазор фунт (наздики 14 ҳазор  доллар) гуфта шуд. Нархи ниҳоӣ, ки аз ҷониби се харидор пешниҳод шуд, дар Бритониё ва саросари ҷаҳон рекордӣ шуд.

Не отдам его и за миллион долларов — хозяин самого большого барана в ЦА - Sputnik Тоҷикистон
Гӯсфанди калонтарин дар ОМ ва баҳси тоҷикону қирғизҳо: зоти ҳисорӣ аст ё нав - Видео

Рекорди пешин дар фурӯши гӯсфанд соли 2009 дар Ланаркаи Шотландия гузошта шуда буд. Он замон меҳрубонтарин гӯсфанди дунёро 231 ҳазор фунт нарх карда буданд.

Гӯсфанди калонтарин дар ОМ ва баҳси тоҷикону қирғизҳо: зоти ҳисорӣ аст ё нав - Видео

Тексел - яке аз машҳуртарин зоти гӯсфандони серпашм ва сергӯшт мебошад, ки ҳанӯз аз даврони Рими қадим маъруф ҳаст. Зоти ин навъи гӯсфандон аз номи макони пайдоиши онҳо - ҷазирае дар ҷануби Нидерланд гирифта шудааст. Ин навъи гӯсфандон то 160 кило вазн доранд. Ҳамчунин ин зот аз серҳосилтарин ба шумор рафта ба 100 гӯсфанд 180 барра рост меояд, ки қариб 75 дарсади онҳо дугоник ба дунё меоянд.

Ёдрас мешавем, ки соли 2019 дар Осиёи Марказӣ калонтарин гӯсфанд шиносоӣ гардид - он Гулливер аз Қирғизистон буд, ки вазнаш 188 кг ва қадаш бештар аз 1 метрро ташкил дод.

Албай Махманов, гӯсфандапарвари рақами яки Қирғизистон дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон гуфт, ки намехоҳад Гулливерро ба ҳеҷ арзише фурӯшад. Ӯ гуфтааст, ки нақша дорад, аз ин гӯсфанди ҳисорӣ наслҳои зиёде ба даст орад.

"Агар 1 миллион пешниҳод кунанд ҳам, ман ӯро ба касе намефурӯхтам. Гулливер ба худи Қирғизистон лозим аст, мо бояд ин зотро дар кишвар рушд диҳем", - изҳор дошт вай.

Ба гуфтаи вай, дар як сол аз ин гӯсфанд то 120 барра тавлид мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0