Ёдовар мешавем, ки одатан якшанбе охири моҳи август Иди каду ва ҳафтаи аввали шанбеи моҳи сентябр Иди харбуза ва тарбуз таҷлил карда мешавад.
Бо назардошти аз байн нарафтани хавфи мубталошавӣ ба коронавирус ва талаботи беҳдоштии муайяннамудаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ тасмим гирифта шуд, ки имсол идҳои мазкур дар якҷоягӣ таҷлил карда шавад.
Кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат маҳсулоти полезии худро ба намоишу фурӯш гузоштанд.
Иди борон? Дар Тоҷикистон боз як ҷашни қадимиро роҳандозӣ мекунандl
Харбуза дар ин рӯз 10 сомонӣ, харбуза аз 5 сомонӣ боло ва каду барои 1 кило 1 сомонӣ нархгузорӣ шуда буд.
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз баргузории иди мазкур тарғиби рушди маҳсулоти кишоварзӣ, муаррифӣ намудани дастранҷи деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои Тоҷикистон баҳра бурдан аст.