ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Шуморе аз шахсиятҳои афғонистонӣ, аз ҷумла Раҳматуллоҳ Набил, раиси собиқи амнияти миллӣ, Умар Зохилвол, сарпарасти собиқи вазорати дороӣ, Ҳикмат Халил Карзай, муовини сиёсии собиқи вазорати умури хориҷа ва Абдулкарим Хуррам, раиси дафтари собиқи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар номае ба Ашраф Ғанӣ фош кардаанд, ки аз ҷониби гурӯҳҳое дар дохили давлат таҳдид ба марг шудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Бино бар иттилои манбаъ, имзокунандагони ин нома гуфтаанд, номаҳои таҳдидомезе аз Толибон дарёфт кардаанд, ки ҷаълӣ аст ва дар воқеъ аз сӯйи гурӯҳҳое дар дохили давлати Афғонистон ирсол шудааст.
Манбаъ тахкид доштааст, ки ин шахсиятҳои сиёсии афғонистонӣ муддаиянд, гурӯҳи таҳдидкунанда аз чанд мақоми баландрутбаи давлатӣ ташкил шудааст ва раёсати онро муовини раёсати ҷумҳурӣ ва муовини амнияти миллии Афғонистон ба ӯҳда доранд ва дар ин замони ҳассос, ки музокироти байналафғонӣ дар пеш аст, мехоҳанд мунтақидони ҳукумат ва мухолифони сиёсиро террор кунанд.
То кунун Ашраф Ғанӣ дар бораи ин нома изҳори назар накарда, аммо Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон зимни маҳкум кардани чунин таҳдидҳо, озодии баёнро ҳаққи ҳар афғон донистааст.