ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Вазорати нақлиёти Ӯзбекистон бо кишварҳое, ки дар онҳо, вазъияти ҳамагирии коронавирус ба эътидол даромадааст, алоқаи ҳавоиро аз сар мегирад. Дар ин бора Sputnik Ӯзбекистон бо такя ба Вазорати нақлиёт хабар медиҳад.
"Аз ҷониби Комиссия, эҳтимоли бозкушоии парвозҳо бо Амороти Муттаҳидаи Араб, Белорус, Қазоқистон ва Туркия баррасӣ мешавад. Ҳамчунин парвозҳои вижа барои бозгардонии шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Русия идома хоҳанд кард", - омадааст дар хабарнома.
Мусофироне, ки ба киштии ҳавоӣ роҳ дода мешаванд, бояд бо худ сертификат дар бораи тести COVID - 19, ки на пештар аз 72 соат гирифта шуда бошад, дошта бошанд.
Гуфта мешавад, ки сертификат бояд ё ба забони англисӣ ё русӣ навишта шуда бошад.
Қазоқистон парвозҳои мунтазамро бо Русия ва 6 кишвари дигар барқарор мекунад
Ёдрас мешавем, ки дар робита ба ҳамагирии коронавируси COVID - 19, ҳукумати Ӯзбекистон аз 16 марти соли 2020 ҳамаи парвозҳои байналмилалиро боздошт.