Ҷанҷоли фоҷеабор дар Саразм: додар бародари 62-солаашро кушт

© Sputnik / Табылды КадырбековМужчина с ножом в руках, архивное фото
Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марди муттаҳам, ки пештар барои гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир суд шуда будааст, ин дафъа даст ба ҷинояти вазнинтар задааст

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар шаҳраки Саразми Панҷакент додаре бародари 62-солаашро фоҷиабор куштааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузоориш медиҳад.

Мужчина с ножом в руках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Фоҷиа дар Суғд: бародар додарашро бо зарби корд кушт

Бино бар иттилои манбаъ, марди гумонбаршаванда, пештар бо моддаи 201 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст (Ғайриқонунӣ истеҳсол, тайёр намудан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори кам бо ҷарима ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад).

Ҳамин тавр, ҳодиса  27-уми августи соли 2020, тахминан соати 20:00 рух додааст.

"Марди 57-солаи сокини шаҳри Панҷакентдар ҳавлии истиқоматии сохтмонаш нотамомаш, воқеъ дар шаҳраки Саразми шаҳри мазкур, бо бародараш марди 62-сола, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагӣ 8-маротиба ба бадани бародараш задааст", - тавзеҳ медиҳад ВКД Тоҷикистон.

Боздошти сокини ноҳияи Кушониён, ки дар ҳолати мастӣ ҳамсарашро шаш корд зад

Дар натиҷа, охирон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Одамкушӣ, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол ҷазо дода мешавад)оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0