ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ гуфааст, ки барои бехатар гардонидани коронавирус наздики 70 дар сади аҳолии ҷаҳонро бояд эм кард.
Фарогирии ҷаҳонии эмкунӣ бояд 65-70% -ро ташкил диҳад, то ин ки эминият дар муқобили коронавируси нав ба вуҷуд биояд, менависад "Ховар" дар истинод ба корманди калони илмии СУТ Сумя Сваминатан.
"Роҳи беҳтарини ба вуҷуд овардани эминии бадан-ин эмкунӣ аст", — гуфтааст Сваминатан. — "Ва фарогирии он набояд аз 65-70% камтар бошад".
Дар навбати худ, коршиноси СУТ Мария ван Керхове таъкид кард, ки кӯшишҳои ба вуҷуд овардани эминии оммавӣ бо роҳи табиӣ хатарнок хоҳанд буд ва боиси талафоти зиёд мешаванд.
Ба гуфтаи вай, эмкунӣ роҳи муассиртарини ҳифзи аҳолӣ мебошад.
"Дар саросари ҷаҳон корҳо барои коркарди ваксинаҳои бехавф ва муассир фаъолона идома доранд", — гуфтааст дар анҷом Керхове.