ДУШАНБЕ, 29 авг – Sputnik. Бино ба иттилоъи манобеъ, Бобоев чанд рӯзи охир барои табобат аз бемории “илтиҳоби шуш” дар Бемористони клиникавии Суғд бистарӣ буд, вале рӯзи гузашта дунёро падруд гуфт.
“Духтурон барои табобат ҳама чораҳоро диданд, аммо чи илоҷ, рӯзашон буд будааст ва аз роҳи марг ҳеҷ кас берун рафта наметавонад. Содиқ Умарович дирӯз ҷон ба Ҷонофарин супориданд”, гуфт манобеъи Sputnik Тоҷикистон.
Ҳамкорон аз Бобоев ба унвони як инсони комил ва табиби ҳозиқ ёд карда, даргузашти нобаҳангоми ӯро талафоти ҷуброннопазир дар соҳаи тандурустии Суғд арзёбӣ мекунанд.
Ба иттилоъи манобеъ, Бобоев Содиқ Умарович ҳамагӣ 58 сол дошт ва беш аз 30 сол ба ин тараф ҳамчун духтури ҷарроҳ дар шуъбаи ҷарроҳии асаби кӯдакону наврасони Бемористони клиникавии № 1 шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Ӯ дастпарвари Донишигоҳи тибби Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино буда, баъд аз хатми донишгоҳи мазкур дар як қатор кишварҳо аз ҷумла Федератсияи Русия, Чехия, Австрия ва Лаҳистону Қазоқистон курсҳои такмили ихтисос гузаштааст.
Даргузашти сармуҳосиби маорифи Хуҷанд бар асари беморӣ
Маросими ҷанозаи Бобоев шоми дирӯз 28 уми август дар зодгоҳаш деҳаи Рӯмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуда, дар қабристони ба номи Хоҷа Муҳаммади Балодуркун ба хок супорида шудааст.