ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ба идораи милиса дар ноҳияи Сино ҷавони 22-сола аз қасди куштори худ хабар дод.
Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки ҳамдеҳааш аз ноҳияи Рӯдакӣ дар хонаи иҷорааш дар Душанбе қасди куштанаш кардааст.
“Бо ариза ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки санаи 11-уми августи соли 2020, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар хонаи иҷоравиаш, воқеъ дар кӯчаи Муҳаммадиеви пойтахт марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо банд гулӯяшро бӯғӣ карда, мехост ӯро ба ҳалокат расонад”, - омадааст дар иттилоияи расмии ВУД.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон илова намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.