https://sputnik.tj/20200828/Parvanda-alayi-ronandai-moshine-ki-dar-payi-sadamai-on-Barom-afur-alok-shud--1031807169.html
Парванда алайҳи ронандаи мошине, ки дар пайи садамаи он Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд
Парванда алайҳи ронандаи мошине, ки дар пайи садамаи он Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии шаҳри Душанбе нисбат ба Ислом Анварзода собиқ муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, ва писрари Анвар Қурбонзода раҳбари Корхонаи нассоҷии тоҷик... 28.08.2020, Sputnik Тоҷикистон
2020-08-28T11:06+0500
2020-08-28T11:06+0500
2021-04-19T16:42+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/07/1031697440_0:0:861:484_1920x0_80_0_0_8228d2ad0a70bf77bc7c53529b0b9070.jpg
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2020
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/07/1031697440_86:0:731:484_1920x0_80_0_0_03cf2d454acf4cd2c9500dad1e61f163.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, душанбе, садама, прокуратура, парванда
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, душанбе, садама, прокуратура, парванда
Парванда алайҳи ронандаи мошине, ки дар пайи садамаи он Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд
11:06 28.08.2020 (Навсозишуда: 16:42 19.04.2021) Додситонии шаҳри Душанбе нисбат ба Ислом Анварзода собиқ муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, ва писрари Анвар Қурбонзода раҳбари Корхонаи нассоҷии тоҷик парвандаи ҷиноӣ оғоз кардааст
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Мақомоти додситонии пойтахт нисбат ба Ислом Анварзода собиқ муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар пайи садамаи нақлиётии автомашинаи таҳти идорааш, сарояндаи шинохтаи тоҷик Баҳром Ғафурӣ ҳалок шуд, паврандаи ҷиноӣ оғоз кардааст.
Тибқи иттилои манбаи Sputnik Тоҷикистон аз додситонии пойтахт, парванда бо моддаи 212 қисми чори Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва истифодаи нақлиёт) оғоз шуада, аммо ҳоло бозпурсӣ бинобар вазъи саломатии ҷавобгар оғоз нашудааст.
Ҳамзамон гуфта мешавад, Ислом Анварзода аз кор дар ин мақомот дур карда шудааст.
Ёдовар мешавем, садамаи маргбор соати 4-и субҳи 7 август дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе воқеъ дар назди Донишгоҳи омӯзгории пойтахт рух дод.
"Хона холист, хонаи мо": охирон суруде, ки Баҳром Ғафурӣ натавонист пурра мунташир кунад
Ба иттилои ВУД, автомашинаи тамғаи “Ланд-крузер-200”, рақами қайди давлатиаш 01-57JJ01, таҳти идораи Анварзода Ислом Қурбони 29 сола ба автомашинаи тамғаи “Камаз” бархӯрдаааст.
Дар натиҷаи садамаи мудҳиш, мусофири дохили автомашинаи мазкур сарояндаи шинохта Баҳром Ғафурӣ, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
"Руҳат шод бод, бародари азиз": таассуфи Шабнами Сурайё аз даргузашти Баҳром Ғафурӣ -навор
Худи ронанда Анварзода ва мусофири дигари автомашина Зарипов Баҳодур ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.