Мирзиёев пеш аз ҷашни истиқлол 113 нафарро афв кард

Обуна шудан
Сарвари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар арафаи Рӯзи истиқлолияти ҷумҳурӣ, ки 1 сентябр таҷлил мешавад, 113 нафарро афв кард

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев рӯзи панҷшанбе фармонеро дар робита бо яке аз идҳои асосии миллӣ - Рӯзи истиқлолият бахшида, имзо кард, хабар медиҳад хабаргузории миллии УзА.

Рӯзи истиқлолият дар Узбакистон 1 сентябр таҷлил карда мешавад.

"Дар арафаи ҷашни Истиқлолият 113 нафар шаҳрвандон бо фармон авф карда шуданд, ки барои содир намудани ҷиноят ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо карда, аз корҳои кардаашон самимона изҳори пушаймонӣ кардаву ба роҳи ислоҳ қадам гузоштанд", - гуфта мешавад дар иттилоияи вебсайти УзА.

Заключенные в исправительной колонии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Қирғизистон 3 ҳазор зиндониёнро афв кард
Аз афвшудагон панҷ нафар пурра аз ҷазо озод карда мешаванд, 53 нафар шартан озод карда мешаванд. Ғайр аз ин, мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳрум сохтан барои 40 нафар кам карда шуда, ба 15 нафар ҷазои сабуктар иваз карда мешавад.

Гуфта мешавад, миёни афвшудагон, як нафари аз 60-сола боло, ду шаҳрванди давлати хориҷӣ, 105 нафар шаҳрвандоне, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнӯъ ширкат варзиданд, мебошанд.

Ёдовар мешавем, Мирзиёев моҳи декабри соли 2017 бори аввал фармонеро дар бораи афви маҳкумшудагон ба имзо расонид. Аз он вақт инҷониб, дар Ӯзбекистон он ҳашт маротиба барои қариб 4 ҳазор нафар татбиқ шудааст. Ин ҳамасола чун анъана, бахшиш ба иди дар кишвар таҷлилшаванда рост меояд.

Лентаи хабарҳо
0