Алъон теъдоди қурбониёни обхезӣ дар қаламрави Афғонистон зиёда аз 151 нафарро ташкил медиҳад. Беш аз 200 афғонистонӣ аз ин офати табиӣ зарар диданд.
Қаблан хабаргузориҳо аз ҳалокати 122 нафар ва ҷароҳатдор шудани 147 тан гузориш дода буданд.
Зимнан, бар асари обхезии шадид, садҳо манзилҳои зист вайрону валонгар гардида сокинон бе хонаву дар монданд.
Дар шаҳри Душанбе 16 хонавода аз обхезӣ осеб диданд
Таъкид мешавад, ки обхезӣ музофотҳои Парван, Кобул, Каписа, Вардак, Панҷшер, Нангархор, Лоғар, Пактия, Пактика, Нуристон, Лағмон ва Хостро фаро гирифт.
Аз ҳама беш сокинони Парван хисороти ҷониву молӣ диданд. То 100 нафар қурбонӣ маҳз дар ҳамин музофт ба қайд гирифта шудааст. Сипас Кобул аз лиҳози теъдоди бештари қурбониён меистад. Дар ин шаҳр 19 нафар дар ин офати табиӣ ҷон бохтанд.
Гуфта мешавад, наҷотбахшон ҳамоно барои пайдо кардани ҷасади қурбониён корҳои ҷустуҷӯиро идома медиҳанд.