Сареъ ва дақиқ: дар Русия таҷҳизотеро сохтанд, ки коронавируси ҳаворо муайян мекунад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВ России запустили проект по разработке вакцины от коронавируса
В России запустили проект по разработке вакцины от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Коргоҳи ба номи С.А. Звереви Красногорск дар ҳамоиши "Армия-2020"  таҷҳизотеро рӯнамоӣ кард, ки вирусҳои ҳаво, аз ҷумла коронавирусро муайян мекунад. Ин ихтироот нахустин дар ҷаҳон аст

Олимони рус таҷҳизотеро сохтанд, ки метавонад коронавируси ҳаворо муайян кунад. Ба ин ихтироот дар сӯҳбат бо радиои Sputnik доктори илмҳои тиббӣ, коршиноси ифексияҳои махсусан хавфнок Владислав Жемчугов баҳо дод.

Тавре РАИ Новости менависад, Коргоҳи ба номи С.А. Звереви Красногорск дар ҳамоиши "Армия-2020"  таҷҳизотеро рӯнамоӣ кард, ки вирусҳои ҳаво, аз ҷумла коронавирусро муайян мекунад. Ин ихтироот нахустин дар ҷаҳон аст.

Вакцина от COVID-19 во время тестирования в исследовательском центре вакцин - Sputnik Тоҷикистон
Нахустин дар ҷаҳон: Русия озмоиши ваксини коронавирусро ба анҷом расонид

Тавре дар мусоҳиба бо Sputnik мудири коргоҳ гуфт, бо кӯмаки ин таҷҳизот барои ташхиси ҳаво, вобаста аз омилҳои гуногун аз 10 то 30 дақиқа лозим аст.

Таҷҳизоти "Детектор-БИО" - коркарди муштараки Маркази илмиву ташхисии ба номи Гамалеи Вазорати тандурустӣ мебошад.

Озмоиши давлатии таҷҳизот моҳи июни соли равон ба анҷом расид, феълан сертификатсияи он омода мешавад, таъкид мекунад мудири кулли коргоҳ.

"Мо омодаем, ки ин таҷҳизотро ҳангоми фармоиш зиёд истеҳсол кунем. Муҳим аст, ки ин таҷҳизот метавонад патогенҳои гуногуни ҳаворо муайян кунад, барои ҳамон онро метавон бо мақсадҳои шаҳрвндӣ ва амнияти биологӣ истифода бурд", - таъкид кард Новиков.

Олимони рус як шарти пирӯзӣ бар коронавирусро гуфтанд

Дар радиои Sputnik доктори илмҳои тибб, пизишки рус Владислав Жемчугов таъкид кард, ки ихтироъкорони рус оид ба тахшиси ҳаво мукаммал мешаванд.

"Бояд қайд кард, ки таҷҳизоти тахшиси таркиби ҳаво бештар аз даҳ сол пеш ихроъ шуда, олимони зиёде бо роҳбарии Анатолий Андреевич Воробёв барои он Ҷоизаи давлатӣ гирифта буданд. Ин ихтироъҳо идома доранд. Ин ташхис хелр дақиқ ва сареъ аст. Барои мисол метавон қайд кард, ки  ин технология қодир аст, ки таркиби атмосфераи дигар сайёраҳоро ҳам муайян кунад. Фикр мекунам, ин таҷҳизотҳо зуд дар истеҳсолот ва истифода табиқ мешаванд", - гуфт Владислав Жемчугов.

Лентаи хабарҳо
0