Борону раъду барқ: пешбинии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© SputnikДушанбе, архивное фото
Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, саҳар дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда,  саҳар дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад.

Дар шарқи вилоят эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 11+16 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.

В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров - Sputnik Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.

Шамол аз самти самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12  ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.

Ҳаво дар водиҳо шабона 17+22 ва рӯзона 30+35  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок ва тағйирёбанда шуда, саҳар дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад.  Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.

Обу ҳаво: эҳтимоли омадани сел дар Ишкошим, Шуғнон ва Ванҷ

Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 15+20 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 22 +27 дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда,  рӯзона ҳавои камабри бебориш дар назар аст.   Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 17+19 ва  рӯзона 28+32 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0