Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ эълон кард

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 27 августи соли равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1361 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1410 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3194 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1759 то 12.7500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1415 то 0,1440 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.137 то 0.144 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1365 то 0,1450 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

Лентаи хабарҳо
0