"Бе лагандбардорӣ": Файзов ҳангоми сафари президент ба Бадахшон чӣ гуфт

Обуна шудан
Президент Эмомалӣ Раҳмон аз 19 то 22 август тайи чор рӯз ба ВМКБ сафар дошт ва аз шаҳрҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон ва Хоруғ дидан кард

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш ба вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар дошт ва зимни ин сафар бо соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ин вилоят шинос гардид.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Дарвоз оғоз гардид ва тайи чор рӯз кишвардор як қатор иншоотҳоро ифтитоҳ карда ва ё санги асос гузошт.

Баррасии пешвозу гусели Раҳмон дар ВМКБ: Ёдгор Файзов фаҳмонд, ки чӣ бояд кард

Дар пайи ин сафари президент ба вилоят Қурбони Аламшо, номзади илмҳои таърих, узви Иттифоқи нависандагон дар мақолае, ки онро котиби матбуоти раиси ВМКБ нашр кардааст, дастовардҳои Бадахшонро тайи ду соли ахир, аз замони раиси вилоят таъин шудани Ёдгор Файзов, зикр кардааст.

Ӯ дар ин гузоришаш аз Ёдгор Файзов тавсиф намуда, ёдрас шудааст, ки Файзов баробари роҳбари хуб, инсони самимист, ки ҳарфи дилашро ба президент мерасонад.

Мукомалаи кушоду равшане, ки дар охири мулоқоти Роҳбари давлат бо фаъолони ВМКБ миёни раисҷумҳур ва Раиси ВМКБ сурат гирифт, нишонгари он буд, ки Президент ба намояндаи худаш эътимоди комил дорад, навиштааст муаллиф ва ёдрас шудааст, ки  "Файзов ба президнт самимона ва бе лагандбардорӣ аз дастоварҳову камбудиҳо гузориш медиҳад".

"Ёдгор Файзов ҳам дар сӯҳбати рӯ ба рӯ бо президент боз як бори дигар мавқеи шаҳрвандӣ ва сиёсиашро рӯшан кард: “Ҷаноби Президент, ман дар бораи неку бади вилоят бо шумо ҳамеша бе ягон лаганбардорӣ сӯҳбат мекунам", - таъкид  кардааст номзади илмҳои торих Қурбони Аламшо.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи Раҳмон дар бораи чашмкабудии бадахшониён ва падараш-видео

Ӯ дар идомаи ситоишиш ёдрас шудааст, ки Файзов рӯзҳои шанбеву якшанбе ба ҳашар баромада, дар тозагиву ободонии шаҳри Хоруғ шахсан иштирок мекунад.

Муаллифи мақола, оғози истихроҷ ва истифодаи санги калсит дар истеҳсолот тавассути ташкили корхонаи “Карон-калсит” дар деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвозро инқилобе дар соҳаи иқтисодии вилоят номидааст, ки нақши раиси вилоят дар он муҳим аст.

Ба гуфтаи Қурбони Аламшо ҳамчунин интизор меравад, ки соли оянд дар шаҳри Хоруғ мушкилии оби ошомиданӣ бо ташаббуси раиси вилоят пурра ҳал шавад.

Президент гуфт, ки сокинони Бадахшону Кӯлоб аз кадом ҷиҳат ба ҳам монанданд

"Ҳеч касе аз руасои пешинаи вилоят барои таъмини пурраи Хоруғ бо об ин қадар такопӯ накард, чӣ хеле ки Ёдгор Доёрович кард. Бо кӯшиши ӯ дар ду соли обрасонӣ ба кӯчаву растаҳои Хоруғ густариши зиёд пайдо намуд ва дастрасии хоруғиён ба об хеле афзуд. Қарор аст соли оянда маркази вилоят бо оби ошомиданӣ комилан таъмин гардад", - зикр кардааст Аламшо.

Лентаи хабарҳо
0