Супоришҳои Раҳмон ба раисони Ҳисор ва Рашт барои таъмини саривақтии маошу нафақа

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузариш ба медиабонкПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон говорит по телефону, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рашт, Лахш ва Нуробод, доир омода кардани соҳаҳои иҷтимоии мамлакат, бахусус маорифу тандурустӣ ба давраи зимистон ва таъмини саривақтии маошу нафақа супоришҳо дод

ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik.  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 26 август бо раисони якқатор навоҳии Тоҷикистон телефонӣ суҳбат кард.

Тибқи иттилои котиботи президент, Раҳмон ҳисоботи раисони шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Рашт, Лахш ва Нурободро оид ба вазъи корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии ҳосили зироатҳо, сабзавот ва мевагиҳо, кишти картошка ва омодагии бахшҳои иқтисоди миллӣ ба давраи тирамоҳу зимистони имсола, шунид.

"Ба раисони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рашт, Лахш ва Нуробод ҳамчунин доир ба тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, аз ҳозир омода кардани соҳаҳои иҷтимоии мамлакат, бахусус маорифу тандурустӣ ба давраи зимистон ва таъмини саривақтии маошу нафақа супоришҳо дода шуд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ таъкид карда, ки Сарвари давлат ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои зикршуда оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷамъоварии саривақтию беталафи ҳосил, содироти маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори истеъмолӣ бо маводи ниёзи аввал, захираи маводи хӯрокворӣ барои зимистон, иҷрои нақшаи кишти такрорӣ ва захираи тухмии картошка барои соли оянда дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Лентаи хабарҳо
0