ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, аз 30 апрел то 26 август шумораи гирифторони коронавируси нав ба 8413 нафар расид.
Бар асоси иттилоияи расмӣ, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 7 ҳазору 214 нафар ё худ 85,7%-и гирифторон шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, дар ин муддат 67 нафар гирифторони COVID-19 вафот кардаанд.
“Шабонарӯзи охир 76 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 35 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Ахиран мақомоти Хуҷанд изҳори нигаронӣ карданд, ки бархе шаҳрвандон, ки миёни хонавода ва пайвандонашон бемории короновирус ошкор шудааст, бо вуҷуди огоҳии чандкарата ҳамарӯза ба кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир шуда, ба саломатии дигар шаҳрвандон низ хатар эҷод намуда истодаанд.