ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат борида, дар шарқи вилоят эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст.
Бод аз сӯи шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба шимолу ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 17+22 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, бориши сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад. Чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 10- 15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17+19 ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.