Ҷашнҳои рӯзи 25 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 25 августа
День 25 августа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи бисту панҷуми август дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ангиштканон таҷлил мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз Парагвай аз Рӯзи Конститутсия ҷашн мегирад

Рӯзи 25 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1912 дар Чин ҳизби Гоминдан («Ҳизби давлатии мардумӣ») таъсис дода шуд.

День 24 августа - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 24 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1945 дар Ветнам Кумитаи давлатии амният таъсис ёфт.

Соли 1978 дар Испания ҳукми қатл дар замони осоишта бекор карда шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 22 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1924 дар Самарқанд аввалин шумораи рӯзномаи "Овози тоҷик" нашр шуда буд.

Соли 1919 аввалин маротиба дар таърихи дунё хатсайри ҳавоии  мунтазами  Лондон-Париж роҳандозӣ карда шуд.

Рӯзи 25 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2006 пас аз хотимаи Форуми байнипарлумонии  "Тоҷикистону Русия: дурнамои ҳамкории минтақавӣ" 8 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Боғи устод Рӯдакӣ расман ба истифода дода шуд.

Соли 2011 дар шаҳри Душанбе  дар остонаи ҷашни бузурги 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз аз як иншооти муҳим — муҷассамаи Нишони давлатӣ  бо баландии 45 метр пардабардорӣ карда шуд.

 

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанГосударственный флаг Таджикистана
Ҷашнҳои рӯзи 25 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Государственный флаг Таджикистана

 

Соли 2016 дар шаҳри Душанбе Конференсияи  байналмилалии  серӯзаи «Бехатарии сейсмикии кишварҳои Осиёи Марказӣ» оғоз гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 21 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

День 23 августа - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 23 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоби бостонӣ сафар карда, дар маросими ба истифода супурдани маҳаллаи нави истиқоматӣ, ки дар муддати кӯтоҳ барои аҳолии дар натиҷаи офатҳои табиии моҳи майи соли 2010 бесарпаноҳмондаи шаҳри Кӯлоб бунёд ёфт, иштирок карданд.

Соли 2011 дар  шаҳри Душанбе президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – "Пешвои асри 21"-ро тақдим кард.

Соли 2016 дар шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 август

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи ангиштканон (якшанбеи охири моҳи август).
  •  Дар Уругвай – Рӯзи истиқлолият
  • Дар Парагвай – Рӯзи Конститутсия
  • Дар Бразилия – Рӯзи афсарон.
Лентаи хабарҳо
0