ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Хонаводаи Ротенбергҳо сарватмандтарин оилаи Русия эълом шуд, хабар медиҳад Forbes.
"Дороии оилаи Ротенбергҳо дар давоми як сол то 270 миллион доллар бештар шуда, 5, 45 миллиард доларро ташкил дод", - омадааст дар хабарнома.
Ногуфта намонад, ки Ротенбергҳо соли 2014 дар сархати доротарин хонаводаи Русия қарор гирифта буданд ва инак пас аз 6 сол боз мавқеъи худро дубора гирифтанд.
Дар ҷойи дуюм оилаи Гуревҳо бо 5,1 миллиард доллар, меистад. Сарвари хонавода — Андрей Гурев, муовини раиси Шӯрои мудирони ширкати "Фосагро" мебошад.
Forbes исми сарватмандтарин фарди ҷаҳонро эълон кард: дороии ӯ 117 миллиард доллар аст
Хонаводаи Гутсеривҳо, ки раҳбарии гурӯҳи "Сафмар"-ро бар ӯҳда дорад ва панҷ соли охир дар сархати сарватмандтарин хонаводаҳои Русия қарор доштанд, имсол дар мақоми сеюм ҷой гирифт.
Дар давоми як сол ин оила 2,45 миллиард долларро аз даст дода, феълан дороии онҳо 3,2 миллиардро ташкил медиҳад.
Дар панҷгонаи аввал ҳамчунин хонаводаҳои Шаймиевҳо (2,85 миллиард доллар) ва Евтушенковҳо бо (2,3 миллиарда) қарор гирифтанд.